Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ парвандаи нав боз шуд


Додситонии кулли Миср алайҳи раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ ва 34 раҳбару фаъоли ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” парвандаи нави ҷиноӣ боз кард.

Дар қарори додситонӣ гуфта мешавад, ки онҳо ҳамроҳ бо гурӯҳи фаластинии ҲАМОС ва созмони Ҳизбуллоҳ амалҳои террористӣ ва хушунатбор таҳия карда буданд ва ҳамчунин сирри ҳарбии Мисрро дар ихтиёри кишварҳои хориҷӣ гузоштаанд.

Мурсӣ бо иттиҳоми таҳрик ба хушунат замони раҳбари кишвар буданаш дар маҳбас қарор дорад. Ӯ 3 июли соли равон, баъд аз гирдиҳамоиҳои густурда алайҳи қудрати исломгароҳо, аз сӯи низомиҳо аз мақ0оми раисиҷумҳури Миср барканор шуд.
XS
SM
MD
LG