Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо дар Ироқ 13 нафар ҷон бохтанд


Бар асари чанд ҳамлаи интиҳорӣ дар Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар шаҳри Холиса, воқеъ дар 80-километрии шимоли Бағдод, як маргталаб худро дар канори гурӯҳои зоирони ироқӣ инфиҷор кард, ки дар натиҷа шаш нафар кушта ва 16 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар канори шаҳри Самарра афроди мусаллаҳ сӯи автобус бо зоирони покистонӣ оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса се покистонӣ ва ду ироқӣ ҷон бохтанд. Дар шаҳри Ромадӣ, воқеъ дар ғарби кишвар, бар асари худро тарконидани маргталаб ду корманди полис кушта ва панҷ тани дигар смаҷрӯҳ шуданд.

Имрӯзҳо садҳо ҳазор шиаҳо ба хотири ширкат дар маросими ҳарсолаи 40-умин рӯзи даргузашти имом Ҳусейн, набераи Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) вориди шаҳри Карбало мешаванд.
XS
SM
MD
LG