Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XIX қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар Маскав як медали тилло, ду нуқра ва як нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Русия ду рӯз идома кард, 110 варзишгар аз 18 кишвар ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 6 варзишгар - Анвар Одинаев (57 кг), Муин Ғафуров (62 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг), Ҳазратулло Абдусаломов (74 кг), Зуҳур Нурмаҳмадов (82 кг) ва Файзӣ Тобатов (90 кг) дохил буданд.

Муин Ғафуров дар рақобатҳо дар вазни то 62 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абзал Абилдашев аз Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ризвониддин Бурҳонов дар вазни то 68 кг ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт, вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Бекбулат Магометов аз Русия мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Инчунин Зуҳурбек Нурмаҳмадов дар вазни то 82 кг, ки дар даври ниҳоӣ аз Ярослав Амосов аз Украина шикаст хӯрд, соҳиби медали нуқра гардид. Файзӣ Тобатов бошад, дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ:
Вазни то 57 кг
1. Дангаров Темур (Қазоқистон)
2. Магомедов Шамил (Русия)
3. Тайгибов Арсен (Украина)

Вазни то 62 кг
1. Ғафуров Муин (Тоҷикистон)
2. Абилдашев Абзал (Қазоқистон)
3. Салимхонов Салмон (Русия)

Вазни то 68 кг
1. Магомедов Бекбулат (Русия)
2. Бурҳонов Ризвониддин (Тоҷикистон)
3. Парубченко Владислав (Украина)

Вазни то 74 кг
1. Парубченко Дмитрий (Украина)
2. Таженов Аслонбек (Қазоқистон)
3. Хабиров Расул (Русия)

Вазни то 82 кг
1. Амосов Ярослав (Украина)
2. Нурмаҳмадов Зуҳурбек (Тоҷикистон)
3. Нурмагомедов Абубакар (Русия)

Вазни то 90 кг
1. Загиров Дибир (Русия)
2. Сарсекенов Армат (Қазоқистон)
3. Тобатов Файзӣ (Тоҷикистон)

Вазни беш аз 90 кг
1. Репков Фёдор (Украина)
2. Муталимов Ҷабраил (Русия)
3. Зубков Сергей (Қазоқистон)

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон баъди Русия, Украина ва Қазоқистон ҷойи чорумро касб кард.

Дастаҳо Ҷамъи холҳо Ҷой
1. Озарбойҷон 3 8
2. Қазоқистон 31 III
3. Арманистон 9-10
4. Тоҷикистон 25 4
5. Туркманистон 9-10
6. Узбакистон 6 5-7
7. Русия 42 I
8. Қирғизистон 6 5-7
9. Украина 35 II
10. Фаронса 6 5-7
XS
SM
MD
LG