Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киев: Эътирозгарон дар майдон боқӣ мемонанд


Дар майдони Истиқлолияти шаҳри Киев ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо сангарҳои нав месозанд ва сангарҳои пешинаро мустаҳкамтар мекунанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, онҳо то иди Мавлуди Масеҳ дар ин майдон боқӣ монданиянд. Мухолифини ҳукумати Украина мегӯянд, ки раисиҷумҳур Виктор Янукович дар ивази кӯмаки молиявии Русия ваъда додааст то қароргоҳи эътирозгаронро дар маркази Киев аз байн бубарад.

Дар Верховная Рада вакилон аз аҳзоби мухолиф ба идомаи кори парлумон монеъ шуда талаб доранд, ки ҳукумат дар кадом шарту шароит аз сӯи Маскав 30 дар сад пойин бурдани қимати газ ва ироаи 15 миллиард доллар қарз барои Украинаро ташреҳ кунад. Тасмим дар бораи коҳиши қимати газу ироаи қарз ба Киев рӯзи сешанбе баъд аз гуфтушуниди сарони Русияву Украина дар Маскав гирифта шуд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки мақомоти Украина дар ҳама гуна вазъ бояд ҳаққи шаҳрвандон барои баргузории ҳамоишҳои мусолиматомезро поймол насозад.

Вазири умури хориҷии Шветсия Карл Билдт дар Твиттер навишт, ки қарзи Русия замони ислоҳоти оҷили иқтисодӣ дар Украина ва навсозиеро, ки Иттиҳодияи Аврупо барояш пойфишорӣ дорад, ба дарозо мекашад.

Микола Азаров, нахуствазири Украина, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ба шарофтаи қарзи Русия ва коҳиши қимати газ қабули буҷаи соли 2014 мумкин шуд.
XS
SM
MD
LG