Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми 151-и Донишгоҳи технологӣ миёни 400 донишгоҳи ИДМ


Хабаргузории русии "Интерфакс" рейтинг ва ё раддабандии 400 донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистонро баргузор кардааст. Аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ се донишгоҳ шомил шудаанд. Ҷои аз ҳама «боло»ро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи технологӣ гирифтааст. Ин донишгоҳ дар байни 405 донишгоҳ ҷойи 151-умро гирифтааст. Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 301-умро ишғол кардааст. Коршиносони хабаргузории «Интерфакс» ин раддабандиро бар пояи се нишондиҳанда: фаъолияти таълимӣ, фаъолияти тадқиқотӣ ва фаъолиятҳои байналмилалӣ, баҳогузорӣ кардааст. Панҷ мақоми аввалро дар ин раддабандӣ Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии Санкт-петербург, Донишгоҳи миллии Тарас Шевченкои Киев ва Донишгоҳи Вилнюси Литва ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG