Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш сарбози НАТО дар Афғонистон кушта шудаанд


Бар асари суқути як ҳавопаймои Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон, 6 сарбози хориҷӣ дар ҷануби ин кишвар кушта шудаанд. Дар баёнияи расмии ин нерӯҳо омадааст, ки сабабҳои суқути ҳавопаймо дар вилояти Зобул маълум нест ва таҳқиқ дар ин замина идома дорад. Дар баёния омадааст, ки бар асоси иттилои муқаддамотӣ дар маҳалли ҳодиса ҷанг ҳам набудааст. Ҳуввияти сарбозони талафшударо ошкор накардаанд.
XS
SM
MD
LG