Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ва Путин ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ гуфтааст, ки “ҳамкориҳои стротегии” ду кишвар бояд густариш дода шавад. Виктор Янукович дар ин бора дар оғози мулоқоташ бо Владимир Путин дар шаҳри Маскав сухан гуфт. Дар ин дидор кӯмаки иқтисодии Русия ба иқтисоди бемори Украина барррасӣ шуд. Владимир Путин гуфт, умедвор аст, ки дар ҳалли “ҳассостарин масоил дар байни ду кишвар” пешрафт ҳосил шавад: "Ман бисёр умедворам, ки дар ҳалли мушкилоти бисёр ҳасос байни ду тараф ба пешрафт ноил мешавем. Украина бе ҳеҷ шакку шубҳа ва бо маънои томаш шарики стратегӣ ва муттафиқи мо аст." Виктор Янукович барои гирифтани қарзҳои нав аз Русия ва поин овардани қимати гази содиротӣ ба Маскав омадааст. Мулоқоти ду тараф дар замоне сурат мегирад, ки тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон ба тазоҳурот дар шаҳри Киев идома медиҳанд. Виктор Янукович, моҳи гузашта, имзои аҳдномаи муҳими ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир гузошт ва хашми мардумро барангехт. Мухолифони давлати Украина метарсанд, ки Виктор Янукович ба ҷойи наздик кардани кишвараш ба Иттиҳодияи Аврупо роҳи вуруд ба Иттиҳоди Гумрукӣ ба раҳбарии Русияро пеш мегирад.
XS
SM
MD
LG