Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони эҳтимолии мунтахаби футзали Тоҷикистон маълум шуданд


Ҳайати ниҳоии ширкаткунандагони мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё -2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор мешавад, маълум шуд.

Ба ҷуз дастаи мизбон – мунтахаби Вйетнам – ба ҳайати ширкаткунандагони мусобиқаи ниҳоӣ Ҷопон, Тайланд, Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Индонезия, Малайзия, Лубнон, Кувайт ва Ироқ дохил шуданд. Қуръакашии чемпионати Осиё-2014, ки 16 даста ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд, дертар барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2014 моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дода буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 5-уми ноябр бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуд. Вале футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби 4-5 мағлуб гаштанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охиринаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5-4 пирӯзӣ ба даст овард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон дар гурӯҳи “А” бо 9 имтиёз ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб кард. Дастаҳои Қирғизистону Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор гирифтанд.

Аз ин гурӯҳ се даста – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки марҳалаи ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Тайланд бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард, қаҳрамони феълии Осиё мебошад.
XS
SM
MD
LG