Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон хароҷоти низомиашро зиёд мекунад


Бо идомаи даъво бар сари қаламрав бо Чин, давлати Ҷопон стротежии нави амниятиро тасвиб карда ва хароҷоти низомиашро афзоиш додааст. Ҳукумати Ҷопон қарор кардааст, ки хароҷоти низомии кишвар тайи 5 соли оянда 240 миллиард доллар ва ё 5 дар сад зиёд карда шавад. Аз ин ҳисоб Ҷопон ҳавопаймоҳои бесарнишин, ҳавопаймоҳо ва мошинҳои зериобӣ мехарад ва қасд дорад, киштии зериобии нав бисозад. Бар асоси стротежии нав Ҷопон ҳамчунин Шӯрои Амнияти Миллӣ таъсис медиҳад, ки қудрати зиёде хоҳад дошт. Зоҳиран нигарониҳо аз нуфузи афзояндаи Чин ва таҳдидҳои Куриёи Шимолӣ ва даъвои Чину Ҷопон бар сари ҷазираҳои хурде дар Баҳри Чини Шарқӣ сабаби қабули стротежи нави амниятӣ дар Ҷопон шудааст.
XS
SM
MD
LG