Пайвандҳои дастрасӣ

47 мард ба Кумитаи занон муроҷиат кардаанд


Давоми соли ҷорӣ ҳудуди 47 мард ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо масъалаҳои оилавӣ муроҷиат кардаанд. Ҳилолбӣ Қурбонова, муовини раиси кумитаи кор бо занон рӯзи 17-уми декабр дар тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки аксари мардони ба ин ниҳод муроҷиаткарда аз муносибати ҳамсарони худ шикоят кардаанд. Гуфта мешавад муроҷиати 47 мард ба ин ниҳод аз ҳама нишондоди зиёд давоми чанд соли охир аст. Масъулони кумитаи кор бо занон гуфтанд, ки бо муроҷиати мардон ҳамсарони онҳоро даъват карда бо онҳо сӯҳбат мегузаронанд. Ҳилолбӣ Қурбонова, гуфт: “Мо бо ҳамсарони ин мардҳо сӯҳбат мекунем. Агар ба онҳо кӯмаки равонӣ лозим шавад мо ба равоншиносони кумита муроҷиат мекунем.” Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, аксари мардҳо аз носозгории зиндагӣ ва муносибати ҳамсарони худ, ҳамчунин масъалаи бекор кардани ақди никоҳ, аз вайроншавии оилаи духтаронашон ва масъалаҳои додгоҳӣ муроҷиат кардаанд.
XS
SM
MD
LG