Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анъанаи ба таври ҳашар -- дастҷамъона сохтани манзил дар байни сокинони Суғд аз нав зинда мешавад.

Ҷавононе, ки дар остонаи зимистон аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд, мунтазири гармии ҳаво нашуда, дар зимистон бо ҳашар ба сохтани хона сар мекунанд. Онҳоро аввали баҳор сафари Русия дар пеш аст, аз ин рӯ, ҳар рӯзи бебориши зимистон барояшон ғанимат аст.

Шуҳратҷон, як ҷавон аз деҳаи Понғози ноҳияи Ашт нав аз мардикории Русия баргашт ва давоми як рӯз ҳамроҳи рафиқонаш барои манзили худ пойдевор гузошт. Вай мегӯяд: “Агар дӯстонам ташвиқ намекарданд, пойдевори хонаро намегузоштем. Чунки пулам барои харидани маводи сохтмони хона базӯр мерасад. То баҳору гарм шудани ҳаво мунтазир биншинем, он ҳам ба кору чизҳои дигар сарф мешавад. Имрӯз кори маро, дафъаи дигар кори ягон рафиқи дигарамонро ҳамин тавр якҳоя иҷро мекунем.”

Дар деҳоти Суғд дар рӯзҳои мо дар хонапӯшӣ бештар сангу хокро истифода мекунанд. Пойдевори хонаҳои оддии дорои се-чор ҳуҷраро аз санг мегузоранд. Девори манзилро аз хишти хокии дастисохт мебардоранд. Барои бомаш аз чӯбу тахтаи сафедори маҳаллӣ истифода мекунанд. “Ҳозир як мошин санг ҳудуди 200 сомонӣ қимат дорад. Аммо мо сангро нахаридем, ҳамроҳи бачаҳо худамон чанд рӯз аз танаи шахи кӯҳи канори деҳамон канда поён ғелондем. Баъд ба мошин бор карда овардем. Барои пойдевор даҳ мошин санг сарф шуд,” -афзуд Шуҳратҷон.

Комрон, як сокини ноҳияи Масчо, ки бо ёрии дӯстонаш ба тариқи ҳашар ба худ манзили заминӣ сохтааст, мегӯяд, ин тарзи хонасозӣ маблағи онҳоро, ки барои коргарони кироя медиҳанд, сарфа мекунад. Вай меафзояд: “Рафиқону ҳамсинфонам дар чанд соли муҳоҷирати корӣ дар Русия бештари корҳои хонасозиро ёд гирифтанд. Корҳои устогии хонаро ҳам худамон анҷом медиҳем. Сангзанҳо пойдевор мемонанд, деворзанҳо девор мебардоранд, андовагарҳо деворҳои хонаро аз регу хок ҳамвор мелобанд. Ин тавр хонасозӣ ба мо арзонтар меафтад. Бе ин ҳам аз тирамоҳ то баҳор барои сокинони деҳот фасли камкорист ва албатта, беҳтар, ки қувваамонро ба чунин корҳои хайр сарф кунем.”

Солҳои охир ҳукуматҳои маҳаллии Суғд низ аз усули ҳашар барои иҷрои барномаҳое, ки барои татбиқи он дар хазинаи худ маблағи кофӣ надоранд, истифода мекунанд. Бо маблағ ва ҳашари сокинон, барои мисол, дар ноҳияҳои Исфараву Ғафуров ва Ашту Истаравшан даҳҳо километр роҳҳои мошингард таъмир ва қисмате аз нав сохта шуданд.

Фирдавси Баҳромӣ, коршиноси масоили иҷтимоии Суғд аз Хуҷанд мегӯяд, ҳашар як одати суннатии халқи тоҷик аст, ки қаблан, дар замони шӯравӣ низ миёни сокинони деҳоти Тоҷикистон хеле роиҷ буд. Агар касе ҳамсояҳову ҳамдеҳагонашро ба ҳашар даъват мекард, даҳҳо нафар дасту остин бар зада ҳозир мешуданд. Вале дар даҳсолаҳои охир ба сабаби зиёд шудани такопӯи зиндагӣ ва шояд ҳам костани меҳру муҳаббат дар байни одамон, ин одати қадимӣ оҳиста - оҳиста аз байн меравад.

Вай меафзояд: “Ҳашар анъанаи бисёр неки халқамон аст, ки мардум якҷо ҷамъ мешуданд, кор мекарданд, бо ҳам самимона суҳбатҳову зарофатгӯӣ мекарданд, аз ҳолу шароити ҳамдигар бохабар мешуданд. Агар аз дасташон меомад, ба ҳамдигар ёрмандӣ мекарданд. Хуб аст, ки боз ин анъана зинда мешавад. Сокинон маблағ ҷамъ оварда, роҳу пулҳо месозанд, ҷое мактабу беморхонаро таъмир мекунанд. Дар Хуҷанд сокинони маҳаллаҳо ба тариқи ҳашар ҷойи зисти худро тоза мекунанд, ниҳол мешинонанд. Ҳашар ба хотири иҷрои кори як дӯсту рафиқ ё ҷомеа беҳтарин василаест, ки одамонро бо ҳам наздик мекунад ва байнашон тухми рафоқат мекорад.”

Мусоҳибам афзуд, шароити имрӯзии зиндагӣ бо мушкилоташ низ сокинонро ба ҳам меорад. Онҳо корҳои ҳамдигар, мисли хонасозиву таъмиру тармими онро ба тарзи ҳашар ба иҷро мерасонанд ва бо ин роҳ на танҳо маблағҳои худро сарфа мекунанд, балки зиндагии худро низ рангинтар месозанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG