Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 16-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ФФТ барпо гардид, мавсими соли 2013 натиҷагирӣ шуд.

Ин ҷаласа пешниҳод кард, ки соли 2014 дар Тоҷикистон Соли футболи оммавӣ эълон шавад. Зикр гардид, ки солҳои ахир таваҷҷӯҳи мардум ба футбол бештар шудааст. Бинобар ин соли оянда дар кишвар баргузории мусобиқоти мухталиф миёни кӯдакону наврасон, ҷавонону бузургсолон дар риштаи футбол дар назар аст.

Аъзои кумитаи иҷроияи ФФТ аз фаъолияти Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, ки танҳо дар рӯи коғаз мемонад, изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки он барои гузаронидани мусобиқоти дохилӣ – чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, мусобиқоти ҳайатҳои ҷавонон, Ҷоми Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ муваззаф карда шавад. ФФТ бошад, бо дастаҳои мунтахаб сару кор бигирад.

Бар асоси тасмими ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ теъдоди легионерҳо ё бозигарони хориҷӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар коҳиш меёбад. Дар мавсими соли 2014 дар як вақт дар майдон метавонанд 4 легионер бозӣ кунанд. Инчунин ҳар як бошгоҳ дар мавсим метавонад 6 футболбози хориҷиро ба дархости даста ворид созад.

Дар ин ҷаласа, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳозиринро бо нақшаҳои тими миллӣ барои соли 2014 ошно карда, аз ҷумла, иброз дошт, ки соли оянда 7 бозии дӯстона ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар ин ҷаласа Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) ва Раҷаб Расулов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-14) ҳисобот доданд. Ҳабибуллоев иброз дошт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, шурӯъ кард. Ба гуфтаи ӯ ин мусобиқа яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22), ки моҳи июли соли оянда барпо мегардад, маҳсуб мешавад. Ҳамчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчҳони Кореяи Ҷанубӣ ширкат хоҳад кард.

Раҷаб Расулов иброз дошт, ки мунтахаби наврасони кишвар моҳи августи соли оянда дар шаҳри Ҳамадони Эрон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-14) иштирок мекунад. Ба гуфтаи ӯ мунтахаби наврасони кишвар барои омодагии ҳамаҷониба ба ин мусобиқа панҷ ҷамъомади таълимиву тамриниро ба нақша гирифтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG