Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти навраси тоҷик дар Русия


Мақомоти пулиси Русия хабар доданд, ки рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Ярослав писари 13-солаи тоҷикро дарёфт кардаанд, ки дар бозори ин шаҳр танҳо мегашт. Ба иттилои пулис, ин писари 13-сола аз Тоҷикистон ҳамроҳи чанд тан аз0 шиносҳояш ба ин шаҳри Русия омада, ҳамроҳонаш ба Маскав рафтаву ӯро танҳо гузоштаанд. Ин писарбача, ки номаш гуфта нашудаст, ба кормандони пулис гуфтаст, ки падару модараш вафот кардаанд ва ӯ тирамоҳи ҳамин сол ба Русия омадааст, аммо ҳамроҳи худ ҳеҷ ҳуҷҷате надоштааст. Гуфта мешавад ҳоло вай дар маркази нигаҳдории кӯдакон дар шаҳри Ярослав нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG