Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо


Паҳлавонони тоҷик дар даври чоруми Ҷоми ҷаҳонии самбо-2013 дар Марокаш як медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Касабланка ду рӯз идома кард, варзишгарони 11 кишвар – Алҷазоир, Беларус, Камерун, Кореяи Ҷанубӣ, Марокаш, Нигерия, Русия, Тоҷикистон, Ҷопон ва ғайра ширкат доштанд.

Паҳлавони тоҷик Наҷибулло Ҳабибуллоев дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Алексей Кузменкои русиягӣ ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фарҳод Ҳусайнов дар вазни то 100 кг ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Евгений Сёмочкин аз Беларус мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Даври Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо
Касабланка (Марокаш), 14-15-уми декабри соли 2013

Мардон

Вазни то 52 кг
1. Алексей КЛЮКИН (Русия)
2. Валерий СОРОНОКОВ (Русия)

Вазни то 57 кг
1. Наҷибулло ҲАБИБУЛЛОЕВ (Тоҷикистон)
2. Алексей КУЗМЕНКО (Русия)
3. Муҳаммад ЗЕЛМОУНӢ (Марокаш) ва Саян ХЕРТЕК (Русия)

Вазни то 62 кг
1. Мӯсо БЕЛМИЛОУД (Алҷазоир)
2. Гусен ИЗАМУТДИНОВ (Русия)
3. Боухаиб ЛАГХФИРӢ (Марокаш) ва Муҳаммад БОУИМЧА (Марокаш)

Вазни то 68 кг
1. Дмитрий КЛЕТСКОВ (Русия)
2. Зоуад Эл ҲУССИН (Марокаш)
3. Абдурраҳим Эл КАРС (Марокаш) ва Никита КЛЕТСКОВ (Русия)

Вазни то 74 кг
1. Иля ЛЕБЕДЕВ (Русия)
2. Алӣ КУРЖЕВ (Русия)
3. Петр ГЛАДИШЕВ (Русия) ва Степан ПОПОВ (Беларус)

Вазни то 82 кг
1. Сергей РЯБОВ (Русия)
2. Андрей ПЕРЕПЕЛЮК (Русия)
3. Владимир ПРИКАЗЧИКОВ (Русия) ва Сеунгвон ЧО (Кореяи Ҷанубӣ)

Вазни то 90 кг
1. Ричард ЕКОБЕНА (Камерун)
2. Саид ДОИССӢ (Марокаш)
3. Ҷонгхюн СОН (Кореяи Ҷанубӣ) ва Халид РЕЗЗОУК (Марокаш)

Вазни то 100 кг
1. Евгений СЁМОЧКИН (Беларус)
2. Фарҳод ҲУСАЙНОВ (Тоҷикистон)
3. Вячеслав МИХАЙЛИН (Русия) ва Хюнгчеул КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)

Вазни то 100 кг
1. Олег ХОРПЯКОВ (Русия)
2. Максим ШИРЯЕВ (Русия)
3. Ачраф ЛАХЛОУ (Мароккаш) ва Роман МИХАЛЧЕНКО (Русия)

Ёдовар мешавем, ки даври аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо моҳи январ дар шаҳри Уралски Қазоқистон, даври дувум моҳи март дар Маскави Русия ва даври севум моҳи июни соли равон дар Каракаси Венесуэла баргузор шуда буд. Паҳлавонони тоҷик дар даври дувуми Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ҳамзамон мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, яке аз поягузорони гуштии самбо, маҳсуб мешуд, ду медал ба даст оварда буданд.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 57 кг ҷойи севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар сабқати самбои размӣ Маҳмадсафар Маҳмадрасулов дар вазни то 90 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Рӯзҳои 20-21-уми декабр дар шаҳри Маскав, дар Қасри варзиши ба номи Иван Яригин, даври охирини Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Русия Асламбек Аслаханов баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG