Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи Русия дар бораи истиқрори мушакҳои Искандар


Вазорати дифоъи Русия мегӯяд, ҷойгир кардани мушакҳои кӯтоҳбурди Искандар дар ғарби кишвар мухолифи ҳеҷ гуна аҳдномаҳои байналмилалӣ нест. Аммо вазорат нагуфт, ки ин мушакҳо дар куҷо гузошта шудаанд. Баёнияи катбии вазорати дифоъи Русия баъди он нашр шуд, ки рӯзномаи “Билд”-и Олмон гуфт, Русия мушакҳои кӯтоҳбурди Искандарро дар ҷазирақаламрави худ дар Калининград мустақар кардааст, ки дар марз бо Литва воқеъ шудааст. Мушакҳои пешрафтаи Искандар, қодир ба ҳамли кулоҳакҳои маъмулӣ ва атомӣ ҳастанд. Русия дер боз мегуфт, ки дар посух ба истиқрори системи нави дифоъи мушакии Амрико дар қаламрави Аврупо, мушакҳояшро дар Калининград, ҷойгир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG