Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи муштараки палатаи поёнӣ ва болоии парлумони кишвар рӯзи 16-уми декабр дастур додааст, ки аризаи шикоятии 14 сокини собиқи маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахт баррасӣ шавад.

14 хонавода аз ин маҳалла аз дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, додгоҳи олӣ, вазорати адлия, Шӯрои адлия, ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагон хоҳиш кардаанд, ки шикояти онҳо дар мавриди ғайриқонунӣ тахриб шудани манзили зисташон, ки ҳанӯз ду сол қабл рух дода буд, баррасӣ шавад.

Давлаталӣ Давлатов, раиси котиботи иҷлосияи муштараки имрӯза аризаи ин сокинонро ба самъи вакилони парлумон расонид ва мушкили онҳоро, ки пас аз тахриби манзили зисташон то ҳол бесарпаноҳ мондаанд, тавзеҳ дод.

Икром Тешаев, устоди Донишгоҳи кишоварзӣ ва яке аз онҳое, ки баъди тахриби хонааш дар ин маҳалла 2 сол боз бинобар ҷойи зист надоштанаш дар як лабораторияи Донишгоҳи кишоварзӣ ба сар мебарад, як нусхаи муроҷиатномаро рӯзи 13-уми декабр ба дафтари радиои Озодӣ низ расонда буд.

Дар сӯҳбат бо Озодӣ Икром Тешаев гуфт, 14 хонаводаи иборат аз беш аз 100 нафар ду сол боз идора ба идораи давлатӣ мегарданд то ба мушкилияшон раидагӣ шавад, вале ҳеҷ мақомоте ҷавоби мусбат намедиҳад.

Ҷаноби Тешаев меафзояд, ки шикоятҳо ва аризаву номаҳои онҳо ҳамагӣ то Ҳукумати пойтахт мерасанд ва аз онҷо баргашта ба идораҳое мераванд, ки онҳо муроҷиат кардаанд, «вале ҳадафи мардуми беҷоймонда инаст, ки арзи онҳо ба президенти кишвар бирасад.»

Се сол қабл, вақте вақте манзилҳои онҳоро тахриб карданд, раиси пешини ноҳияи Сино Раҳматулло Табаров ваъда дода буд, ки ба ҳамаи онҳо дар ивази ҳавлиҳои тахрибшудаашон хона медиҳанд, вале то ҳол ин сокинон дар кӯча мондаанд. Ҳукумати шаҳри Душанбе бо бардоштани манзилҳои зист дар маҳалли Буни Ҳисорак «Боғи пойтахт»-ро бунёд кард.
XS
SM
MD
LG