Пайвандҳои дастрасӣ

Дастовардҳои варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ


Варзишгари тоҷик Илҳом Ҳафизов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо байни наврасон барои гиромидошти хотираи ходими давлатии Қазоқистон Аҳмад Бойтурсунов дар шаҳри Алмаато соҳиби медали тилло гардид.

Илҳом Ҳафизов дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило байни наврасон бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад ва мақоми аввалро азони худ кард. Ин мусобиқа бо ширкати гуштигирони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Инчунин мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон дар шаҳри Иркутски Русия соҳиби се медали тилло ва як нишони биринҷӣ гардид. Дар ин мусобиқа ҳудуди 800 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳо ширкат доштанд.

Паҳлавонони тоҷик - Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 46 кило, Ҷамшед Сулаймонов дар вазни то 73 кило ва Темур Раҳимов дар вазни то 81 кило бо медалҳои тилло ва Эмомалӣ Камолов дар вазни то 81 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Варзишгари тоҷик Шерзод Икромов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до AKF дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз 32 кишвари қора мувофиқи синашон дар се гурӯҳ - 14-15-сола, 16-17-сола, 18-сола ва аз он боло рақобат карданд. Аз 13 варзишгари тоҷик танҳо як нафар – Шерзод Икромови 16-сола дар вазни то 72 кило мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ ба ватан баргашт.
XS
SM
MD
LG