Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон: "Роҳи ҳалли мушкили Украина вуҷуд дорад"


Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, мегӯяд, ба эътиқоди ӯ, ҳар масъалаи молии кӯтоҳмуддатеро, ки сабаби худдории раиси ҷумҳури Украина аз имзои аҳднома бо иттиҳодия шудааст, метавон ҳал кард. Кетрин Эштон дар остонаи нишасти Шӯрои Умури Хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин иттиҳодия метавонад бо ҳамкорӣ бо Виктор Янукович, ин масъалаи молиро ё худаш, ё бо ниҳодҳои молӣ ва ё бахши хусусӣ ҳал кунад. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе гуфт, ки музокирот дар бораи имзои аҳдномаи муҳими ҳампаймонӣ бо Украинаро муттавақиф мекунад. Айни замон тазоҳуроти ҳазорон нафар аз тарафдорони ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Киев идома кард.
XS
SM
MD
LG