Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари 7 фарзанд вазири дифоъи Олмон мешавад


Дар Олмон нахустин бор як зан мақоми вазири дифоъро соҳиб мешавад. Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар гуфт, ки Урсул вон дер Лейени табиби 55-сола ва модари 7 фарзандро вазири дифоъ таъйин хоҳад кард. Ангела Меркел бо эълони аъзои ҳукумати эътилофиаш ҳамчунин гуфт, ки Волфганг Шоебл, вазири собиқадори молияи Олмон, дар мақомаш мемонад. Ҳукумати эътилофии Олмон аз Ҳизби Масеҳиёни Демократи Ангела Меркел ва Ҳизби Сотсиал Демократ ташкил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG