Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози Исроилро дар марз бо Лубнон куштаанд


Дар тирандозие дар марзи Исроил ва Лубнон як сарбози исроилӣ кушта шудааст. Артиши Исроил бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, ки ин сарбоз аз тири снайпери артиши Лубнон ба ҳалокат расидааст. Хабаргузории миллии Лубнон таъйид кард, ки дар воқеъ як сарбози лубнонӣ тир андохтааст. Пештар аз ин артиши Исроил гуфт, ки аз ин амалкард ба нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милал дар ин минтақа эътироз кардааст ва афзуд, ки «таҷовуз алайҳи Исроилро» таҳаммул нахоҳад кард. Манобеъи лубнонӣ гуфтанд, ки баъди тирандозӣ иртиботашон бо сарбози артиш қатъ шудааст. Ҳодиса дар марзҳои ғарбии Исроилу Лубнон ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар онҷо соли 2006-ум нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон бо Исроил 34 рӯз ҷангиданд.
XS
SM
MD
LG