Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе боздошти қирғизҳоро рад мекунад


Душанбе хабари дастгир шудани ду шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби марзбонони тоҷикро рад кард. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин ҳолат рух надодааст.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои маҳаллии Қирғизистон навиштаанд, марзбонони тоҷик аз як деҳаи наздимарзии ин кишвар ду шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардаанд.

Хабаргузории ИА Tushtuk –и Қирғизистон аз қавли Розия Осорова, раиси деҳаи Кӯктоши вилояти Бодканд навиштааст, ки ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 15-уми декабр дар ҳудуди ҳамин деҳа, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додаст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, рӯзи 15-уми декабр ду шаҳрванди Қирғизистон, ки ба таъмири симчӯбҳои барқ машғул будаанд, аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, ин маҳалла ҳарчанд ба Қирғизистон мансуб аст, вале дар замони ҳукумати шӯравӣ ба қаламрави Тоҷикистон шомил будааст.

Ин деҳа яке аз он минтақаҳои баҳсист, ки гуфтушунидаш миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол идома дорад.

Гуфта мешавад, аз моҳи апрели соли равон то кунун дар ин замина байни сокинони марзии Исфараву Бодканд се маротиба даргирӣ рух дод.

Минтақаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни вилоятҳои Суғду Бодканд, бо тӯли ҳудуди 270 километр ва чандин анклав, ҷазирақаламравҳо, аз мушкилтарин ва ҳассостарин қисматҳои то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудаи ин марз боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG