Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар шаҳри Киев идома мекунад


Бо идомаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Киев, пойтахти Украина ҳазорон нафар шабона дар хиёбонҳои ин шаҳр монданд. Ҳафтаи чаҳорум аст, ки мардуми Украина алайҳи қарори ҳукумат барои таъхир андохтани имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тазоҳурот мекунанд. Дар шаҳри Киев рӯзи якшанбе даҳҳо ҳазор нафар дар Киев тазоҳурот карданд ва дар ҳамон рӯз Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки музокирот барои имзои аҳднома бо Украинаро мутаввақиф мекунад. Стефан Фюлле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо, дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, ки аҳду амали Янукович ва ҳукумати ӯ дар робита ба аҳднома ҳарчӣ бештар дигар мешавад. Ҳоло таваҷҷӯҳ ба сафари Виктор Янукович ба Русия нигаронида шудааст, ки маҳз зери фишори ҳамин кишвар Украина имзои аҳднома бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир гузошт. Мухолифони давлати Украина бим доранд, ки мумкин аст, кишварашон ба ҷойи наздики бо Иттиҳодияи Аврупо ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия бипайвандад.
XS
SM
MD
LG