Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фюле: Брюссел музокирот бо Киевро мутаваққиф кард


Иттиҳодияи Аврупо музокирот бо Украина дар мавриди имзои созишномаи ҳамгироиро мутаваққиф мекунад. Дар ин бора Штефан Фюле, узви Комиссиюни Аврупо дар умури густариш, дар Твиттер хабар дод. Ба навиштаи ӯ, ҳарфу амали раисиҷумҳур ва ҳукумати Украина ҳарчӣ бештар аз ҳам фарқ мекунанд. Фюле афзудааст, ки ин ҳафта ӯ дар Брюссел бо муовини аввали нахуствазири Украина Сергей Арбузов мулоқот дошт ва ба ӯ гуфт, ки гуфтушуниди оянда аз ӯҳдадории аниқи Киев барои имзои созиӯномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо вобаста хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол дар Киев ҳамоишҳои оммавии ҷонибдорон ва мухолифини ҳукумати феълӣ идома доранд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар ин ҳамоишҳо садҳо ҳазор ширкат мекунанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳоле, ки ҷонибдорони раисиҷумҳур Виктор Янукович дар намоиши “Украинаро ҳифз мекунем!” ҷамъ омадаанд, мухолифин бори саввум шаҳрвандонро ба вечеи мардумӣ даъват карданд, ки ин дафъа “Рӯзи шаъну шараф” унвон шудааст.

Ба иттилои хабаргузории РИА “Новости”, бештари ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо шаби гузашта майдони Истиқлолиятро тарк накарданд. Қарор аст, ки имрӯз сенаторҳои амрикоӣ Кристофер Мерфи ва Ҷон Маккейн дар ин майдон ҳозир шаванд. Маккейн дигарӯз бо эътирозгарон ва раҳбарони мухолифин мулоқот дошт ва аз мақомоти Украина даъват кард, ки ба ҳаққи мардум барои ибрози андеша арҷ гузоранд.

Рӯзи шанбе, дар ҷаласаи вазорати умури дохилии Украина раҳбари раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Станислав Рогозин изҳор намуд, ки онҳо дар бораи омодагии як гурӯҳи тундрав барои дасиса дар ҳамоишҳои маркази Киев иттилоъ дарёфт кардаанд. Вазорат ҷустуҷӯи байнулмилалии раиси ҳизби “Братство” Дмитрий Корчинскийро барои ташкили бенизомиҳо дар маркази Киев дар рӯзи 1 декабр эълон кардааст.

Намошҳои эътирозӣ дар Украина рӯзи 21 ноябр баъд аз тасмими ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо густурда шуданд.
XS
SM
MD
LG