Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳашт нафар дар бенизомиҳо дар Бангладеш


Дар Бангладеш рӯзи якшанбе, 15 декабр, бар асари бенизомиҳо баъд аз эъдоми яке аз раҳбарони ҳизби “Ҷамоати исломӣ” Абдул Қодир Мулло, дасти кам 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҷонибдорони ин ҳизб имрӯз хостори коршикании умумимиллӣ шуданд.

Рӯзи панҷшанбе Додгоҳи олии Бангладеш аризаи бознигарии ҳукми Абдул Қодир Муллоро, ки барои ҷиноёт алайҳи башарият аз сӯи додгоҳи махсуси низомӣ ба эъдом маҳкум шуда буд, рад кард ва худи ҳамон рӯз ӯ ҳалқовез шуд. Ин додгоҳ соли 2010 ба хотири тафтиши ҷинояти низомӣ замони ҷанг барои истиқлоли кишвартаъсис шудааст. Ба иттилои расмӣ, замони набардҳо барои истиқлолияти кишвар аз Покистон дар соли 1971 тақрибан 3 миллион нафар кушта шуда ва беш 200 ҳазор занон мавриди таҷовуз қарор гирифтанд.

Баъд аз эъдоми Абдул Қодир Мулло дар кишвар эътирозҳо шурӯъ шуданд ва то ҳол бархӯрдҳо бо кормандони нерӯҳои амниятӣ идома доранд. Ҷонибдорони ҳизби “Ҷамоати исломӣ” хонаҳои ҷонибдорони ҳукуматро ба оташ мекашанд. Дар се рӯзи бенизомиҳо дар Бангладеш дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG