Пайвандҳои дастрасӣ

Десмонд Туту ба маросими дафни Мандела намеравад


Туту дар маросими мазҳабӣ ба ёди Мандела дар як калисои Кейптаун

Туту дар маросими мазҳабӣ ба ёди Мандела дар як калисои Кейптаун

Архиепископи собиқи калисои англикании Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Десмонд Туту дар маросими дафни дӯсту ҳампаймонаш дар мубориза бо нажодпарастӣ Нелсон Мандела ширкат нахоҳад кард, зеро даъватномаи расмиро дарёфт накардааст.

Ба иттилои намояндаи ҳукумат, воқеъан ба Туту даъватнома фиристода нашудааст, аммо ӯ, агар хоҳиш дошта бошад, метавонад барои ширкат дар маросими дафни давлатии Мандела аз сабти номи расмӣ дар маросими ёдбуд дар Йоханессбург истифода кунад. Калисои англиканӣ хабар дод, ки Десмонд Туту аз сафар ба зодгоҳи Мандела худдорӣ кард, зеро огаҳ шуд, ки ӯро ба рӯйхати меҳмонони маросим шомил накардаанд.

Десмонд Туту ҳам барои мубориза бо апартеид барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шудааст ва солҳои тӯлонӣ аз наздиктарин дӯстони Нелсон Мандела буд.

Тобути раҳбари пешини Ҷумҳури Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела рӯзи шанбе аз шаҳри Претория ба зодгоҳаш деҳаи Куну, воқеъ дар вилояти Капси шарқӣ, оварда шуд. Аз фурудгоҳи Мтхатха то манзили аҷдодони Мандела тобутро қаровули фахрӣ,пайвандону дӯстон ва сокинони маҳаллӣ ҳамроҳӣ карданд.

Қарор аст, ки рӯзи 15 декабр дар маросими дафни барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Нелсон Мандела, тақрибан чору ним ҳазор нафар, аз ҷумла, ҳайатҳои расмии дигар кишварҳо ширкат кунанд. Ба иттилои расмӣ, Мандела аз рӯи маросимҳои мардуми коса ба хок супуда мешавад.

Нелсон Мандела 5 декабр дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG