Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лоран Фабиус ба комёб шудани "Женева-2" бовар надорад


Лоран Фабиус

Лоран Фабиус

Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, изҳор намуд, ба комёб шудани конфаронси сулҳ оид ба ҳалли низоъ дар Сурия, ки бо ибтикори СММ баргузор хоҳад шуд, шубҳа дорад.

Ба гуфтаи ӯ, мухолифини “мӯътадил”-и ҳукумати Сурия, ки аз сӯи Ғарб пуштибонӣ мешаванд, бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳанд. «Сабабҳои зиёде барои шакку шубҳа мавҷуданд ва агар конфаронс ба натиҷаи дилхоҳ нарасад, азияти ин кишвари ғамзада идома хоҳад ёфт”, гуфт Лоран Фабиус ва афзуд, ки дар мавриди фардои Сурия хушбин нест.

Хабаргузории France-Presse дар робита ба ин изҳороти вазир навиштааст, ки низоъ дар Сурия бар асари ихтилоф миёни гурӯҳҳои ошӯбгар амиқтар мешавад. Аз сӯи дигар, Артиши озодихоҳи Сурия, ки аз сӯи Ғарб, аз ҷумла, Фаронса пуштибонӣ меёбад, маҷбур шудааст мавқеъҳои худро ба гурӯҳҳои ошӯбгари ифротгаро диҳад.

Қарор аст, ки намояндагони ҳукумат ва мухолифини Сурия, ҳамроҳ бо ҳайатҳои чанд кишвари минтақа ва ғарбӣ рӯзи 22 январ дар Швейсария сари ҳалли мушкили Сурия гуфтугӯ кунанд.

Бар асари муқовимат миёни ҳукумати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ тайи беш аз дувуним соли ахир ҳадди аққал 126 ҳазор суриягиҳо ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG