Пайвандҳои дастрасӣ

Тобути Нелсон Манделаро ба деҳаи Куну оварданд


Тобути сарвари пешини Ҷумҳури Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела рӯзи шанбе аз шайри Преторий ба зодгоҳаш деҳаи Куну, воқеъ дар вилояти Капси шарқӣ, оварда шуд. Аз фурудгоҳи Мтхатха то манзили аҷдодони Мандела тобутро қаровули фахрӣ,пайвандону дӯстон ва сокинони маҳаллӣ ҳамроҳӣ карданд.

Маросими давлатии дафни барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва мубориз алайҳи нажодпарастӣ Нелсон Мандела рӯзи 15 декабр баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин маросим сарони тақрибан 60 кишвари олам вориди Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ шуданд.

Нелсон Мандела 5 декабр дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG