Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина гумонбарон дар саркӯбсозии эътирозҳо эълон шуданд


Додситонии кулли Украина дар робита ба парокандасозии намоиши эътирозии мухолифин дар шоми 30 ноябр чаҳор нафар – муовини Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа Владимир Сивкович, шаҳрдори Киев Александр Попов, раиси пешини милисаи пойтахт Валерий Коряк ва муовини ӯ Петр Федчукро дар сӯиистифода аз мақом гумонбар эълон кард.

Виктор Пшонка, Додситони кулли Украина, гуфт, ки айни ҳол мавзӯи ҳабси хонагии ин афрод баррасӣ мешавад. Ӯ бо такя ба иттилои тафтишот афзуд, ки Сивкович ва Попов барои истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарон болои раҳбарони милисаи Киев фишор овардаанд.

Шаби 30 ноябр кормандони милиса намоиши эътирозии ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Аврупоро дар майдони Истиқлолият пароканда карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Намошҳои эътирозӣ дар Украина рӯзи 21 ноябр баъд аз тасмими ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо густурда шуданд. Рӯзи шанбе ҳазорон ҷонибдорони ҳукумат ҳам дар Киев ҷамъ омаданд.
XS
SM
MD
LG