Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯсти Бут мехост барои ширкати тоҷикистонӣ "Боинг" бихарад


Ҳайати мунсифа дар додгоҳи Ню-Йорк дар робита ба парвандаи Ричард Чичаклӣ, дӯст ва ҳамкори собиқи тоҷири рус Виктор Бут, ҳукми муҷозот содир кард.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню-Йорк, Ричард Чичаклӣ, ки дорои шаҳрвандии ИМА ва Сурия аст, дар талоши мусоидат ба хариди ду ҳавопаймои боркаши “Боинг” барои ширкати дар Тоҷикистон сабти ном шуда ва мансуб ба Виктор Бут, айбдор шудааст. Гуфта мешавад, ин муомилот соли 2007 дар ИМА дар ҳоле сурат гирифта буд, ки ИМА ҳамкорӣ бо Виктор Бутро таҳрим карда буд. Ричард Чичаклӣ мехост ин ҳавопаймоҳоро дар Флорида бо кӯмаки ширкатҳои тақаллубӣ бихарад.

Ба иттилои расмӣ, ҳайати мунсифа Чичаклиро аз рӯи нӯҳ банд, аз ҷумла, нақзи таҳримҳои байнулмилалӣ, “шустушӯи пул” ва қаллобӣ аз тариқи почта айбдор хондааст. Ӯ дар сухани охирини худ дар додгоҳ изҳор намуд, ки фақат ба хотири дӯстияш бо Виктор Бут мавриди пайгарди қонун қарор гирифтааст.

Ричард Чичаклӣ моҳи январи соли равон дар Австралия, ки он ҷо бо шиносномаи тақаллубӣ мезист, боздошт ва моҳи май ба ИМА истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2012 додгоҳи Ню-Йорк тоҷири силоҳ Виктор Бутро, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст, ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ бо ҷурми қасди фурӯши силоҳ, аз ҷумла дар фурӯши силоҳ ба гурӯҳи ФАРК-и Колумбия, ки Амрико онро гурӯҳро террористӣ мехонад, ба 25 сол ва барои ҳар кадом аз 3 иттиҳоми дигар – талоши куштани маъмурон ва атбоъи Амрико ва кумак ба
созмони террористӣ – 15-солӣ ҳукм гирифт. Аммо ҳукми ниҳоии Бут дар маҷмӯъ 25 солро ташкил дод.

Виктор Бут соли 2008 дар Таиланд боздошт ва баъд аз тақрибан 2 солу 9 моҳ ба Амрико истирдод шуд. Ӯ ҳоло бандии зиндони низомаш шадид дар аёлати Иллинойс мебошад.

Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падараш устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.

Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.

Виктор Бут пас аз хатми донишкада як муддат дар кишварҳои африқоии Анголаву Мозамбик ҳамчун тарҷумони низомӣ кор карда, баъди суқути Шӯравӣ ширкати Air Chess-ро таъсис дод, ки дафтари марказиаш дар Дубай воқеъ буда, бо тақрибан 50 ҳавопаймо ба анҷоми парвозҳои ҳавоӣ дар қораи Африқо ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон машғул буд. Аммо аллакай аз нимаи солҳои 90 Бут ҳамчун тоҷири силоҳ ном баровард. Иддао мешуд, ки сохторҳои марбут ба ӯ ҳам нерӯҳои давлатӣ ва ҳам чирикиҳои зидди давлатҳоро дар Афғонистону Ангола, Руандаву Либерия, Серра-Леоневу Того таъмини силоҳ карда, дар ин замина ҳатто аз муомила бо Толибону Ал-Қоида рӯ намегардоданд.

Як сол пеш вазорати адлияи ИМА дархости мақомоти Русия барои дар ихтиёри Маскав гузоштани Виктор Бутро рад кард.
XS
SM
MD
LG