Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Киев ҳамоиши ҷонибдорони ҳукумат шурӯъ мешавад


Дар майдони Аврупои шаҳри Киев гирдиҳамоии ҷонибдорони Ҳизби манотиқ бо пуштибонӣ аз раисиҷумҳур ва ҳукумати Украина шурӯъ мешавад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, хиёбонҳои атрофи ҷойи баргузории ҳамоишро теъдоди бузурги кормандони милиса назорат мекунанд. Барои ширкат дар гирдиҳамоӣ ҳазор сокинони вилоятҳои Донетск, Луган ва Днепропетровски вориди Киев шудаанд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, қарор аст, ки ҳамоиш ду рӯз идома ёбад ва аммо шояд ба гирдиҳамоии бидуни мӯҳлат табдил шавад.

Дар майдони Истиқлолият, ки он ҷо намоиши мухолифини ҳукумат ва ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо идома дорад, эътирозгарон боз дар ду ҷой, аз ҷумла, дар канори бинои шаҳрдории Киев, хайма гузоштанд.

Раҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумат аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи якшанбе дар Майдон, дар вечеи мардумӣ таҳти унвони “Рӯзи шаъну шараф” ширкат кунанд. Ҳадафи ин ҳамоиш – ҷилавгирӣ аз имзои созишномаи вуруди Украина ба Иттиҳодияи гумрукӣ аз сӯи раисиҷумҳур Виктор Янукович унвон шудааст.

Рӯзи ҷумъа вазири адлияи Украина Елена Лукаш изҳор намуд, ки ба се тан аз мансабдорони воломақом дар робита ба парокандасозии ҳамоиши мухолифин дар рӯзи 30 ноябр, расман айб эълон хоҳад шуд.

Намошҳои эътирозӣ дар Украина баъд аз он оммавӣ шуданд, ки рӯзи 21 ноябр ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт.
XS
SM
MD
LG