Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти "Эътилофи бузург"-ро сотсиал-демократҳо ҳал мекунанд


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Дар Олмон рӯзи шанбе натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ҳизби сотсиал-демократӣ эълон мешавад – тақрибан 574 ҳазор аъзои ин ҳизб бояд назари худро дар мавриди созишномаи таъсиси “Эътилофи бузург” бо эътилофи муҳофизакори масеҳӣ-демократии садри аъзам Ангела Меркел баён кунанд. Эътилофи таҳти сарварии хонум Меркел дар интихоботи парлумонии моҳи сентябр пирӯз шуд.

Агар сотсиал-демократҳо барои пайвастан ба “Эътилофи бузург” розӣ шаванд, аз ҳафтаи оянда расман даври саввуми раёсати Ангела Меркел шурӯъ хоҳад шуд.

Бар пояи хабарҳо, раҳбарони ҳизби сотсиал-демократӣ ҳангоми имзои созишнома муваффақ шуданд, ки муҳофизакорон дар чанд масъала, аз ҷумла, дар мавриди кафолати маоши ҳаққи аққал, гузашт кунанд.
XS
SM
MD
LG