Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи келин аз Коллеҷи тиббӣ


Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои аксари сокинон ба макони интихоби арӯс табдил ёфтааст.

Пушти дари ин коллеҷ ду зан мисли назоратчиён духтаронро аз назар гузаронида, барои чанд дақиқа суроға ва соли таҳсилашонро мепурсиданд. Ин занҳо барои писарони худ духтарони таҳсилдида меҷустанд.

Дар ҷустуҷӯи ҳамсар барои писар

Яке аз онҳо, ки худро Идимоҳ Давлатова, сокини ҷамоати Зарбдори Кӯлоб муаррифӣ кард, гуфт: «Дидед, ки ман аз паси ҳо, ана он духтар давидам. Духтари маъқул, аммо дар курси аввал мехондааст. Сеюм курс ё чорум курс бошад, ки пас аз кӯдакдор шудан, боз зиндагиашро давом дода битавонад. Одами хондагӣ фардо фарзандро тарбияи дуруст медиҳад. Ҳама ҳам мехоҳад, ки фарзандаш дар ҷои хуб биғалтад. Мехоҳам келини духтур дошта бошам. Барои ҳамин ин ҷо омадаем, то барои фарзандонамон ягон духтари хубу босаводро арӯс кунем. Барои ҳамин Донишгоҳу коллеҷи тиббиро кофтем. Як ҳафта шуд, мекобем, вале то ҳол наёфтем. Чандто ёфтему ҳоло шавҳар намекардаанд ва ё дар курси якум мехондаанд.»

Руқиямоҳ Ҳукуматова
Руқиямоҳ Ҳукуматова
Зани дигар, ки худро Руқиямоҳ Ҳукуматова муаррифӣ кард, гуфт, писараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргаштааст ва мехоҳад, то баҳор ӯро хонадор кунад: «Зани хондагӣ кӯдаконашро дуруст тарбия мекунад. Дар ҳафтод рафтаам ва бояд дар хона нишинам, лекин кӯшиш мекунам, ки аз миёни ҳамин донишҷӯён ягон духтари хубро пайдо кунам. Падару модари хуб дошта бошад. Дар оянда бо духтари хондагӣ фарзандам азоб намекашад. Барои бахти сафеди писарам дар сари пирӣ дар ба дари коллеҷ гашта истодаам.»

Колеҷи тиббӣ-макони духтарони ботарбия

Акнун, дарёфтем, ки Колеҷи тиббии Кӯлоб ба макони ҷустуҷӯи арӯсон табдил ёфтааст. Маконе, ки то панҷ соли пеш кам кас хоҳиши издивоҷ бо хатмкунандаи онро мекард. Дар замони шӯравӣ ҳам волидайни ҷавонони тоҷик талош мекарданд, то писаронашон ҳамсари дорои маълумоти олидор ё ба истилоҳ хондагӣ нагирад. Хонум Руқиямоҳ, ки наздики ҳафтод сол дорад, мегӯяд, он замон духтарони кам дар донишгоҳу донишкадаҳо мехонданд ва ҳамеша ташвиқ мешуд, ки духтари таҳсилдида бероҳа ҳаст ва дар оянда як зани рӯзгордор намешавад. Ба ҳамин хотир, он замон волидайн намехостанд келини таҳсилдида дошта бошанд, аммо ҳоло ин андеша тағийр ёфтааст.

Ба мисли ин ду зан, пушти дари Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза метавон ҷавононро дар ҷустуҷӯи ҳамсар ва модаронашонро дар ҷустуҷӯи арӯс барои писаронашон дид. Қумринисо Маҳмудова, ҷонишини директории Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб оид ба тарбия мегӯяд, дар колеҷи онҳо беш аз се ҳазор нафар таҳсил мекунад, ки наздики 2 ҳазорро духтарон ташкил медиҳанд. Ӯ мегӯяд, бо заҳмати маъмурият таълиму тарбия дар коллеҷ боло рафтааст ва маҳз ба ҳамин хотир волидон хоҳиши издивоҷ кардани фарзандонашон бо шогирдони ин даргоҳро пайдо кардаанд.

Қумринисо Маҳмудова
Қумринисо Маҳмудова
«Ҳам таълим хуб шудааст ва ҳам тарбия. Ахлоқи донишҷӯдухтарон ҳам боло рафтааст. Роҳбарият кӯшиш мекунанд, ки шогирдони хуб тарбия шавад. Ҳозир тамоми келинхушкунҳо ва зангирҳо ба коллеҷи мо меоянд. Чаро онҳо ин ҷо меоянд? Онҳо бештар ба касби ояндаи онҳо таваҷҷӯҳ пайдо кардаанд. Ҳозир бар ин ақида ҳастанд, ки дар оила ҳатман бояд як табиб бошад. Агар дар як хона се келин бошад, ҳатман яке аз онҳо духтур аст.»

Ба гуфтаи Маҳмудова, бештари хостгорон донишҷӯёни солҳои сеюм ва чорумро интихоб мекунанд, ки то анҷоми таҳсилашон вақти кам мондааст. Аммо издивоҷи донишҷӯдухтарони соли аввал ҳам кам нест: «Бисёр ҳаст, донишҷӯёне, ки дар соли аввал издивоҷ мекунанд ва боз омада таҳсилашонро давом медиҳанд. Шумораи онҳое, ки пас аз ба шавҳар баромадан таҳсилро давом намедиҳад, кам аст.»

Ҳиллаи хушдоманҳо ва халал ба дарсҳо

Хостгорони донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ на танҳо пушти дар, балки гоҳҳо талош мекунанд, вориди синфхонаҳо шаванд ва келинҳои ояндаи худро пушти миз ҳангоми таълим гирифтан бубинанд. Ҳалима Абдураҳмонова, мудири Шӯъбаи кори умумитиббии ин коллеҷ мегӯяд, дар бархе маворид хостгорон ба раванди таълим халал ворид мекунанд ва раҳбарият талош мекунад, то аз вуруди онҳо ба синфҳои таълимӣ ҷилавгирӣ кунанд, аммо онҳо роҳҳои гуногун вориди синфхонаҳо мешаванд.

«Ҳангоми дарс ба синфхонаҳо даромадан мумкин нест. Мо навбатдор дорем, ки ҳар касро ворид шудан намемонанд. Аммо арӯсхушкунҳо бо ҳилла ворид мешаванд. Худро холаву аммаи ягон донишҷӯ мегиранд, ки кори заруре доранд ва ӯро 5 дақиқа дидан мехоҳанд. Аммо вақте мо мебинем, онҳоро берун мекунем ва мегӯем, ки ин макони таълимӣ ҳаст, ба хонаҳои онҳо биравед ва ё берун аз дарс арӯс писанд кунед.»

Фарзона Тӯрахонова, донишҷӯ.
Фарзона Тӯрахонова, донишҷӯ.
Зоҳиран, духтарони Коллеҷи тиббӣ ба ҳузури чунин «холаву аммаҳо» одат кардаанд. Фарзона Турахонова, донишҷӯи соли авали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, мухолифи он аст, ки донишҷӯ ҳангоми таҳсил шавҳар кунад:
«Хостгорҳо зиёданд, аммо падару модарам ба хостгорон ҷавоби "не" доданд. То таҳсил тамом нашавад, шавҳар нахоҳам кард. Дар хонаи хусуру хушдоман бовар надорам, ки дарсҳоро хуб омода кунӣ. Ҳоло шавҳар кардан дер намешавад ва набояд саросема шуд. Чор солро бо мувафаққият бихонам, баъдан оила мешавад.»

Ҳам шавҳар ва ҳам таҳсил

Бархе волидайн натавонистаанд, талоши хостгорон ба духтарони донишҷӯяшонро рад кунанд. Малоҳати Одинаҳмад, донишҷӯи соли аввали ин коллеҷ мегӯяд:«Ҳоло ба наздикӣ тӯй дорам. Шавҳари ояндаам ва падару модараш розӣ шуданд, ки то охир барои таҳсили ман зид нестанд. Лекин бахт бароям аввалтар аст ва агар таҳсиламро нахоҳанд, ман ҳам тарки таҳсил хоҳам кард. Лекин онҳо гуфтанд, ки мегузорем, бихонед, вале пас аз хондан кор карданро иҷозат надоданд.»

Фаридаи Талабзода, донишҷӯи дигари ин коллеҷ мегӯяд, волидайнаш ба он хотир ба донишҷӯ шудани ӯ дар коллеҷ мусоидат карданд, ки оянда ба онҳо кӯмак кунад. Аммо Фарида мегӯяд, ба хотири кӯмаки тиббӣ расонидан ба волидайн намехоҳад, аз ҷои дур шавҳар кунад: «Бибиам бемор аст ва орзу дорам, ки табиб шуда, ӯро парасторӣ кунам. Ба ҳамин хотир намехоҳам аз роҳи дур шавҳар кунам. Дар деҳаи худамон мехоҳам шавҳар кунам, то зуд-зуд аз ҳоли бибиям бо хабар бошам.»

Дар ин миён ба назар мерасид, ки бархе духтарони шавҳардор низ ба таҳсил ҷалб шудаанд. Гулбаҳор Ҳамидова, як ҷавонзан пас аз 6 соли зиндагии муштарак бо шавҳараш ба Коллеҷи тиббӣ дохил шудааст: «Мо давоми 6 соли зиндагӣ фарзанддор нашудем. Назди табибон зиёд муроҷиат мекардем ва ба хулосае омадам, ки бояд табиб шаваму худу шавҳарамро табобат кунам. Ҳоло шавҳарам дар Русия ҳаст ва ман ин ҷо касб меомӯзам. Умед дорам, ки фарзанддор мешавем. Фикр мекунам, ки бояд ҳама касби духтуриро бидонад.»

Ҷавонписарон дар ҳимояи ҷавондухтарон

Шумораи камтари ҷавонписароне, ки ҳамроҳ бо духтарон дар ин коллеҷ таҳсил мекунанд, дар бархе маврид ҳамсабақони худро аз ранҷи домодҳои оянда раҳо мекунанд. Сунатулло Пӯлодов, донишҷӯи ин коллеҷ мегӯяд, бархе хушдоману домодҳо боодобанд, вале бархе домодҳои беодоб ҳам дар пушти дари коллеҷ ҳузур пайдо мекунанд, бо дахолати ҳамсабақони писар, онҳо дур карда мешаванд.«Баъзеҳо ҳам ҳастанд, ки дағалона рафтор мекунанд, лекин мо бачаҳо дахолат мекунем ва намегузорем, ки ба духтарон зараре расад.»

Худоёри Назаралӣ, аз деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, дар деҳоти онҳо пизишкон намерасад: «Мехоҳам, ки бо як донишҷӯи ин ҷо оила барпо кунам ва дар деҳа якбора ду духтур шавем. Пеш аз омаданам бо шухӣ гуфта буданд, ки рафтӣ, ҳатман зани духтур ҳам гирифта биёр. Ҳоло як духтарро дӯст медорам ва мехоҳам бо ӯ издивоҷ намоям.»

Нархи духтари таҳсилдида

Талоши издивоҷ бо духтарони таҳсилдида дар ҳолест, ки то чанд соли пеш ва замони шӯравӣ аз чунин издивоҷ аксарият парҳез мекард. Муҳаббат Изатова, устоди собиқадори риштаи педагогикаи Донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, дар замони шӯравӣ ҳанӯз афкори мардум пурра тағйир наёфта буд ва онҳо тағйири либос кардани духтаронро, ки як шарти таҳсил дар Донишгоҳҳо буд, қабул надоштанд. Аз ин рӯ, ҳам намехостанд, духтаронашон таҳсил бикунанд ва ҳам писаронашон бо духтарони дорои маълумоти олӣ издивоҷ намоянд. Аммо ҳоло ба гуфтаи ӯ, замони комилан дигар шудааст: «Ҳоло барои издивоҷ ба духтари таҳсилдида аз 2,5 то 4 ҳазори доллар медиҳанд, аммо ба духтари нохонда аз 1,5 то 2,5 ҳазор доллар. Ин нишонаи он аст, ки қадри духтари таҳсилдида дар ҷомеа боло рафтааст. Мардум мушоҳида кард, ки зани таҳсилдида ҳамеша ва дар ҳама ҳолат кӯмакрасони шавҳар аст.»

Дар ҳар хона як бемор

Эҳтиёҷ ба келинҳои пизишкро бештар ба он вобаста медонанд, ки хонаи тоҷике нест, ки ягон узви он беморие надошта бошад. Юсуф Фахриддинов, устоди дигари ин коллеҷ мегӯяд, дар давлатҳои хориҷӣ ҳар хонавода мехоҳад, пизишки оилавӣ дошта бошад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин талош аст, аммо ба шеваи комилан дигар: «Келини духтур ҳатман лозим аст. Хусур бемории фишорбаландӣ ё дил дорад ва зуд-зуд духтур лозим мешавад. Аз ин рӯ, ҳама талош мекунад, дар хонааш чунин як духтур хоҳ писараш ва ё келину духтараш бошад. Чун духтар шавҳар мекунад, бештар мардуми мо ба келини духтар таваҷҷӯҳ доранд. Аз тарафи дигар, ҳоло ба як мард пеш бурдани зиндагӣ мушкил шудааст. Дар замони Шӯравӣ агар мард кор мекард, тамоми хонаводаро мехӯронд ва мепӯшонд. Ҳоло вазъ дигар шудааст ва ҳама кӯшиш мекунад, ки дар хонаводааш одами бекор набошад.

Дипломи зан барои рӯзи мабодо

Бо вуҷуди издивоҷ бо духтари таҳсилдида, аммо аксаран розӣ намешаванд, то пас аз таҳсил ӯ дар ҷое фаъолият дошта бошад. Анвар Шарипов, устоди риштаи равоншиносии Донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, мардҳо дипломи занҳоро барои рӯзи мабодо нигаҳ медоранд ва зери дил бар ин боваранд, ки як рӯз дипломи ҳамсар ба кор меояд.«Инҳо мардҳое мебошанд, ки худ кор карда метавонанд ва оиларо ба қадри имкон пеш мебаранд. Дипломи занро барои рӯзи мабодо, ки ягон мушкил пеш омад, мегузоранд ва дар сурати вазнин шудани зиндагӣ иҷоза медиҳанд, то ӯ кор кунад.»

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Шарипов, мушоҳидаҳо нишон дод, ки зани таҳсилдида ҳангоми фавту талоқ гирифтан аз шавҳар ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани ӯ бо роҳи бад намеравад ва зиндагии худу фарзандонашро бо як роҳи дуруст пеш мебарад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳоло волидайн ҳам мехоҳанд духтаронашон дар ҷое таҳсил кунанд ва ҳамчунин худ ҳам барои писарон ҳамсари таҳсилдида меҷӯянд. Шумораи онҳое, ки ҳоло намехоҳанд ҳамсари таҳсилдида бигиранд, ба гуфтаи коршиносон ақалиятро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG