Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳ, донишҷӯ ва ҳукумат. Қарордод риоя мешавад?


Бар асоси қарордоди сеҷониба миёни донишгоҳ, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва донишҷӯ, мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд, ки хатмкунандагони муассисаҳои олии Тоҷикистонро бо кор таъмин кунанд.

Тибқи ин санад, хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳо ба маҳаллҳое равон мешаванд, ки ниёз ба кадрҳои ҷавон бештар аст. Масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бастани шартномаи се ҷониба миёни донишҷӯёну донишгоҳҳо ва мақомоти маҳаллӣ танҳо барои донишҷӯёни будҷавӣ набуда, балки гурӯҳҳои шартномавии ҳама донишгоҳҳои кишварро дар бар мегирад.

Зиёратшоҳ Нарзуллоев, муовини сардори Раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳадаф аз бастани чунин қарордод танҳо он нест, ки хатмкунандагони донишгоҳҳо вазифадор карда шаванд то дар ин ё он манотиқи кишвар ба таври бояду шояд кор кунанд, балки меҳвари ин санад он аст, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмини шароити хуби корӣ ба кадрҳои ҷавон масъули хоҳанд буд. Ҷаноби Нарзуллоев афзуд: «Агарчи шартнома ба ҳама донишҷӯён, ҳам шартномавӣ ва ҳам будҷавӣ баста шавад ҳам, аммо дар сурати ба кор ҳозир нашудани хатмкардаи гурӯҳи шартномавӣ, мо аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурда наметавонем. Чунки онҳо маблағи таҳсилашонро пардохт кардаанд.»

Зиёратшоҳ Нарзуллоев, муовини сардори Раёсати кадрҳои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Зиёратшоҳ Нарзуллоев, муовини сардори Раёсати кадрҳои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Нарзуллоев, дар сурати риоят нашудани талаботи шартнома ё сари вақт ба кор ҳозир нашудани хатмкунандагоне, ки дар бахшҳои будҷавии донишгоҳҳо таҳсил кардаанд аз болояшон ба додгоҳ шикоят бурда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ бештар хатмкунандагони риштаҳои омӯзгорӣ ба таври иҷборӣ ба кор ҷалб мешуданд, аммо ҳоло ин амр ба хатмкунандагони тамоми риштаҳои донишгоҳҳо низ рабт мегирад.

Ин аст, ки аз чунин шеваи кор бархе аз хатмкунандагони донишгоҳҳо чандон розӣ нестанд. Баҳораи Шарифҷон, донишҷӯи соли панҷуми ДМТ мегӯяд, чунин шеваи кор нақзи ҳуқуқи онҳост. Ба қавли Баҳора, ӯ тасмим дорад пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси иқтисодчӣ дар яке аз бонкҳо фаъолият кунад, на ин ки рафта дар деҳа бо маоши ночизе, ки ҳатто барои хариди либосаш намерасад, кор кунад. Баҳора мегӯяд: «Он шароите, ки мақомотҳои маҳаллӣ барои кадрҳои ҷавон муҳаё месозанд, барои мо қонеъкунанда нест. Борҳо шоҳиди он шудаем, ки ё шароити корӣ надоранд ё маош чунон паст аст, ки ба он хӯроки як моҳаатро харида наметавонӣ. Ин аст, ки ҷавонон маҷбур мешаванд дигар корпартоӣ карда боз роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.»

Агарчи гурӯҳе аз донишҷӯён бастани чунин як қарордодро ғайримантиқӣ медонанд, аммо гурӯҳи дигари донишҷӯён аз ин истиқбол мекунанд. Парвини Холназар, донишҷӯй факултаи романӣ-германии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, ҳама ҳамсабақонаш аз бастани чунин шартнома истиқбол мекунанд. Зеро ба қавли Парвин, донишҷӯён мегӯянд дар сурати кор пайдо накардани худашон, мақомоти маҳаллӣ маҷбур аст онҳоро ба кор таъмин намояд ва дигар ҳоҷат ба ҷустани «тағо» ё «через» намемонад: «Ба мо гуфтанд, ки дар сурати имзо гузоштан ба шартнома шумо ба ҷой кор таъмин мешавед. Мақомотҳои маҳаллӣ бояд шуморо ба кор таъмин кунанд. Ҳатто ҳангоми таҷрибаомӯзӣ бояд ба шумо кӯмак кунанд.»

Дар ҳоле, ки қарордоди сеҷониба миёни донишгоҳ, донишҷӯ ва ҳукумати маҳал ҷонибдорону мухолифонеро ба бор овардааст, аммо бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, дар сурати имзо гузоштан ба шартнома қонун нақз нахоҳад шуд ва хатмкунандагон низ муваззафанд, талаботи онро риоя кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, тариқи қарордод кор кардан дар қонуни меҳнатӣ Тоҷикистон зикр шудааст ва дар ин ҷо халалдор шудани қонун дида намешавад. Ҳакимов гуфт: «Мақомотҳое ҳастанд, ки ин ё он донишҷӯро маблағгузорӣ мекунад. Бинобар ин, донишҷӯ муваззаф аст, ки пас аз хатми мактаб дар муассисаи давлатӣ кор кунад. Ё онҳое, ки тариқи квота мехонанд ё ба таври будҷавӣ, бояд маблағи барои таҳсил сарфкардаашонро бозпас гардонанд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хатмкунандагони донишкада ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷиҳати кор дар ниҳодҳои давлатӣ роҳхат медиҳад, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама вақт ин талабот аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои давлатӣ риоят мешавад.

Зимнан, дар соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазору 800 донишҷӯ гурӯҳҳои будҷавии риштаҳои омӯзгорро хатм карданд, ки 33 дарсади онҳо ба кор ҳозир нашудаанд. Ин аст, ки ин хатмкунандаҳо ба додгоҳ кашида шудаанд. Гурӯҳе аз ин хатмкунандагони донишгоҳҳо маблағи будҷаи давлатро бозпас гардониданд. Аммо гурӯҳи дигарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз сабаби дар хориҷ буданашон, парвандаҳо бе баррасӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG