Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти мухолифон бо Янукович дар Киев камнатиҷа буд


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Шоми ҷумъа дар Кеив музокироти раҳбарони мухолифони Украина бо Виктор Янукович-раиси ҷумҳури ин кишвар ба поён расид. Ин музокирот тақрибан 4 соат идома дошт ва мулоқоти аввали раҳбарони мухолифон бо раиси ҷумҳур аз оғози эътирозҳо дар Украина буд. Сабаби эътирозҳо ин аст, ки раиси ҷумҳур мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард.

Дар музокирот Арсений Ятсенюк-раиси ҳизби Баткившина, Виталий Кличко-қаҳрамони бокси ҷаҳон ва раиси ҳизби Удар, Олеҳ Тияҳнибок-раҳбари миллатгароён ширкат карданд.

Он гуна, ки Янукович қавл дод буд, шуморе аз боздоштшудагони рӯзҳои эътирозро раҳо раҳо кард, вале иттиҳоми зидди онҳо лағв нашудааст. Янукович дар мавриди ба истеъфо фиристодани ононе, ки масъули имзо нашудани мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Аврупо мебошанд, ваъдаи худро иҷро накард ва гуфт, ки истеъфои онҳо дар порламони кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Дар музокирот Арсенюк-раиси ҳизби Баткившина пофишорӣ мекард, ки ҳукумат бояд ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG