Пайвандҳои дастрасӣ

Полис мегӯяд, ронандаҳо дар Душанбе роҳҳои гуногуни эмин монданд аз навори камераҳои назоратиро пайдо кардаанд.

Агар дар рӯзҳои аввали назорат тариқи камера дар Душанбе аз 10 то ба 15-ҳазор қонуншиканӣ сабт мегардид, имрӯзҳо он ҳамагӣ ба 1000-1500 адад мерасад. Масъулони Маркази барномаи «Шаҳри бехатар» мегӯянд, ин аз як сӯ коҳиши қоидавайронкуниро нишон медиҳад, аммо аз сӯи дигар ронандаҳо роҳҳоеро пайдо кардаанд, ки қонуншикании онҳо сабт нашавад.

Муовини сардори ин марказ Фурқат Шоимардонов ба радиои “Озодӣ” гуфт, дар роҳ бархе аз ронандаҳо рақамҳои қайди давлатии мошинҳояшонро бо истифода аз лентаҳои сиёҳ, барги дарахтон ва ё бо ашёи дигар пӯшонидаанд, ки ба сабти камераҳо наафтанд: «Гурӯҳи операторони мо ҳамеша ҳаракати воситаҳои нақлиётро аз наздик таҳти назорат мегиранд. Ва ҳолатҳое, ки пӯшонидани рақамҳои давлатӣ бо ягон предмети дигар, ё тағйирдиҳӣ бо лентаҳои сиёҳ, барои мисол рақами 6-ро 8 мекунанд ва ё 5-ро 6 мекунанд. Аммо ин аз тарафи операторони мо, ба зуди мушоҳида шуда, тавассути алоқа, ба бозрасоне, ки дар хатсайрҳо фаъолият карда истодаанд, хабар дода мешавад ва он саривақт пешгирӣ мешавад».

Ин масъули «Шаҳри бехатар» мегӯяд, то имрӯз аллакай аз ҷониби операторони ин марказ се далели найранги ронандаҳо ошкор гардида, нисбати онҳо маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Вай гуфт: «Ронандае, ки рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти худро дигаргун мекунад, ин дар қонун пешбинӣ шудааст. Барои ҳамин ин ронанда аллакай қоидаи ҳаракати роҳро не, балки қонуни ҷиноии Тоҷикисонро вайрон мекунад».

Масъулони барномаи «Шаҳри бехатар» мегӯянд, ронандаҳо аз тарси он, ки камераҳо қонуншикании онҳоро сабт мекунад, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҷиддитар риоя мекунанд ва кӯшиш мекунанд, хурдтарин қоидавайронкунӣ аз ҷониби онҳо сар назанад. Зеро ба гуфтаи масъулон, ҳадафи онҳо низ ҷаримабандӣ набуда, балки ҷорӣ намудани низом дар ҷодаҳои шаҳр аст.

Аммо дар сӯҳбат, бо Радиои Озодӣ аксари ронандаҳо гуфтанд, ногаҳон часпидани барг ва афтидани рақами мошинҳо кори барқасдонаи онҳо набуда як амри тасодуфӣ аст. Амриддин, яке аз ронандаҳо, ки бештар дар хиёбонҳои марказӣ мошин меронад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки намехоҳад бо чунин рафтор худашро ба қавле «ба бало» гирифтор кунад. Вай афзуд: «Дигарҳоро намедонам, аммо ман намехоҳам, пуламро беҳуда ба хотири чунин рафтор ҳамчун ҷарима бо дасти худ супорам, албатта ин ба касе намефорад.»

Дар ҳамин ҳол чанде аз нозирони БДА дар хиёбонҳои марказии пойтахт бидуни сабти садояшон гуфтанд, эҳтимол, ронандаҳое, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надоранд ва ё қоидаи ҳаракати роҳро хуб намедонанд ба чунин фиребу руйпушкунии қоидавайронкуниҳо даст мезананд.

Маркази «Шаҳри бехатар» моҳи ноябри соли равон ба фаъолият оғоз намуда то имрӯз дар 20 чорроҳаҳои хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст.

Дар марҳилаи дуввуми лоиҳа, ки то соли 2014-умро дар бар мегирад, боз дар 50 чорроҳаву ҷойҳои ҷамъиятии пойтахти кишвар камераҳои назоратӣ насб карда мешавад. Ин Марказ дар айни замон бо се намуди камераҳо фаъолият дорад. Камераҳои аксбардор, наворгиранда ба самти рост ва тобхӯранда, ки атрофро то 350 метр имкони ба навор гирифтан дорад.

Масуълон мегӯянд, акнун барои чашми камераҳо фарқе надорад, ки автомобил ба кӣ тааллуқ дорад ва ё чи гуна тамға аст. Зеро ин камераҳо ҳар қоидавайронкуниро бо далелҳояш сабт мекунанд ва сабти навор дар архив маҳфуз мемонад.

Масъулони БДА мегӯянд, маблағи ҷаримаро Кодекси маъмурӣ муайян мекунад, ва барои ҳар як қоидавайронкунӣ ҷаримаи алоҳида пешбинӣ шудааст. «Барои чароғаки роҳнаморо сурх гузаштан аз 3 то 5 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима дорад. Се маоши ҳадди ақал 120 сомонӣ мешавад, 5 маоши ҳадди ақал - 200 сомонӣ. Барои нақлиёти мусофиркаш ҷарима аз як то ду нишондиҳанда муқаррар шудааст. Яъне аз 40 то 80 сомонӣ. Дар маҷмӯъ, ҷарима аз 20 сомонӣ оғоз шуда, то 700 сомонӣ мерасад»-мегуянд масъулон.

Дар ҳамин ҳол нозирони умур фиребу найранги ронандаҳоро ба гарон будани ҷаримаҳо марбут медонанд. Умедҷон Саъдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ҷарима барои қоидавайронкунӣ аз 40 сомонӣ боло аст, ки дар муқоиса бо маош гарон аст. Аз сӯи дигар, пештар агар як нозири роҳ ронандаро ба хотири қоидавайронкунӣ манъ мекард ва онҳо ҳатман бо ҳар восита, аз ҷумла додани ришва ва ё «тағо» худро аз пардохти ҷарима халос мекарданд. Акнун, ки ин ҳамаро камераҳо назорат мекунанд, онҳо роҳи дигари фиребро пеш гирифтанд, ба мисли он ки рақамҳои қайди давлатияшонро дигар мекунанд».

Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, ба эътибори он, ки гузариш ба ин низом дар Тоҷикистон таҷрибаи аввалин аст, мушкили дигаре ҳам ҳаст, ки ронандаҳо мехоҳанд маълумот дар бораи ҳоидавайронкунияшонро дар давоми 24 соат ба даст оранд. Вай мегӯяд, дар ҳолати саривақт расидани амрномаи ҷаримавӣ ба дасти ронанда, онҳо кӯшиш мекунанд, рӯзи дигар аз қоидавайронкунии худ огаҳӣ пайдо карда, онро такрор накунанд.

Зимнан, тибқи иттилои БДА ВКД Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар 1330 cадамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 436 нафар ба ҳалокат расида, 1434 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 74 адад, ҳалокшудагон 29 нафар ва маҷруҳшудагон 49 нафар зиёд шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG