Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони ҳукумат дар Киев бо президент музокира мекунанд


Дар Киев музокироти раҳбарони мухолифони Украина бо Виктор Янукович-раиси ҷумҳури ин кишвар идома дорад. Ин мулоқоти аввали онҳо аз оғози эътирози мухолифон дар Украина аст. Сабаби эътирозҳо ин аст, ки раиси ҷумҳур мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард.

Дар музокирот Арсений Ятсенюк-раиси ҳизби Баткившина, Виталий Кличко-қаҳрамони бокси ҷаҳон ва раиси ҳизби Удар, Олеҳ Тияҳнибок-раҳбари миллатгароён ширкат доранд.

Янукович қавл додааст, ки боздоштшудагони рӯзҳои эътирозро раҳо мекунад ва ононеро, ки масъули имзо нашудани мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Аврупо мебошанд, аз мақомашон барканор мекунад. Аммо Арсенюк пофишорӣ дорад, ки ҳукумат бояд ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG