Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 6000 хонаводаҳои тоҷик дар соли 2013 пош хӯрдаанд, ки зиндагии бархе аз ин хонаводаҳо ҳамагӣ як-ду моҳ тӯл кашидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ба афзудани шумораи талоқ муҳоҷирати корӣ таъсири ҷиддӣ расондааст. Ҷаҳонгулро, ки духтари ягонаи хонавода буд, падару модар бо умеду орзуи зиёд ба шавҳар доданд ва интизор буданд, ки зиндагии хушбахтонае насибаш хоҳад шуд. Аммо баъди гузаштани чил рӯз Ҷаҳонгул бо чашми гирён аз дарвозаи ҳавлии волидонаш ворид шуд ва гуфт, ки дигар бо шавҳараш зиндагӣ нахоҳад кард.

Ҷаҳонгул бо интихоби волидонаш оила барпо карда буд ва баъди гузаштани бист рӯз, дар ҳоле, ки шавҳарашро ҳанӯз хуб нашинохта буд, вай азми сафар кард. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия. Ин ҳолат Ҷаҳонгулро хеле афсурда кард, зеро вай орзую ниятҳои тамоман дигар дошт. Ҷаҳонгул хеле зориву илтимос кард, ашк рехт, то шавҳараш ҳиҷрат накунад, аммо шавҳараш ҳарфашро шунидан намехост. Ва дар охир хунсардона ба ӯ гуфт, ки ӯро танҳо барои анҷом додани хидмати падару модараш ба занӣ гирифтааст ва ӯро ба ҳукми тақдир гузошта, ба Русия рафт.

Аслан, се келини дигари ин хонавода низ вазъи ӯро доштанд ва шавҳарони онҳо дар се-чор сол як бор ба назди ӯву фарзандон меомаданд ва боқӣ онҳо хидмати хусуру хушдоман ба ҷо меоварданду ба ҳама буду нобуди зиндагӣ таҳаммул мекарданд. Аммо Ҷаҳонгул наметавонист чунин оиладориро қабул кунад. Рӯзи дароз бо чеҳраи гирифта кори хонаву саҳроро анҷом медод. Ин ҳолат ба хушдоманаш писанд намеомад ва нофаҳмию дертар моҷароҳое, ки миёни онҳо сар зад, боис шуд, ки Ҷаҳонгул ин хонаводаро тарк гӯяд. Шавҳараш ҳам дигар суроғаш накард ва ҳарфи талоқашро бо воситаи хешовандон ба Ҷаҳонгул расонд.

Ҷаҳонгул ягона бонуе нест, ки бо чунин тақдир дучор шудааст. Миҷгона, як бонуи дигар низ мегӯяд, «шавҳарам баъди як моҳи оиладорӣ аз тарси сар шудани мавсими «облава» ба муҳоҷират рафт. Хушдоманам маро таъна кард, ки агар арӯси хуб мешудӣ, шавҳарат туро бо худ мебурд. Ҳар рӯз бо ман бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол мекард. Як рӯз шавҳарам занг заду талоқамро дод».

Масъулини Кумитаи кор бо занон мегӯянд, агар ҳамдигарнофаҳмии ҳамсарони ҷавон, сатҳи пасти ииқтисодии хонаводаҳо, дахолати хешу табор, хушунат, паст будани маърифати оиладории ҷавонон ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои мардон аз сабабҳои аслии пошхӯрии хонаводаҳо бошанд, солҳои ахир муҳоҷират ба ин раванд таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавонон ба муҳлати бист рӯз ё як моҳ ба ватан меоянд ва бо духтаре, ки волидонаш интихоб кардаанд, оила барпо мекунанд, аммо баъди як-ду моҳи дигар боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маҳбуба Азимова меафзояд, «аз ҷиҳати он ки онҳо ҳамдигарро нафаҳмиданд, хуб ошно нашудаанд, нағз ошно набуданд, меҳри ҳамон духтар дар дилаш нест. Баъди рафтани шавҳараш бо таъсири омилҳои тиббиву табиӣ ва равонӣ рафтору кирдори духтар дигар мешавад. Хонаводаи шавҳар фикр мекунанд, ки духтар бо қошу қавоқи овезон мегарданд ва ба воситаи телефон ба писараш аз ин хабар медиҳанд ва мегӯяд, ки занат гапамонро гӯш намекунад. Ва он писар ба воситаи телефон талоқ медиҳад».

Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, бархе аз ин ҷавонҳо аз он рӯзе, ки тарки арӯси нав мекунанд, дигар ба назди ӯ барнамегарданд ва дар муҳоҷират ҳамсари дигар меёбанд. Ҳамчунин ба таъкиди хонум Азимова, иддае аз онҳо аллакай дар муҳоҷират ҳамсар доранд, аммо як духтари дигарро бадбахт мекунанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ҳарчанд муҳоҷират барои таъмини зиндагии хонаводаҳои тоҷик аз манбаҳои аслии даромад гардидааст, аммо аз ҷониби дигар, зарари зиёд низ овардааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳар сол дар Русия ба ҳисоби миёна наздик ба 1000 шаҳрванди тоҷик кушта мешаванд, кӯдакон дар оилаҳои нопурра ба воя мерасанд, талоқ рӯ ба афзоиш дорад.

Барфимоҳ Ғаниева, сарвари созмони иҷтимоии «Хайрхоҳи замон», ки беш аз понздаҳ сол ба ин сӯ бо масоили муҳоҷират ва хонаводаҳои муҳоҷирон сари кор дорад, мегӯяд, агар як қисмати мардҳо дар муҳоҷират маблағ оранду онро ба рӯзгори зану фарзандонашон сарф кунанд, гурӯҳи дигар барои гирифтани шаҳрвандии Русия аз оилаҳои ҷудо шуда бо занҳои рус издивоҷ мекунанд. Ба андешаи хонум Ғаниева, афзоиши талоқ метавонад ба зиндагии минбаъадаи занҳо хеле таъсири бад расонад: «Занҳое ҳастанд, ки ба ҷиноят даст мезананд, танфурӯшӣ мекунанд, ба мардикорӣ рафтан мехоҳанд. Яъне, онҳо ҳам роҳи даромад мекобанд, то зиндагии худу фарзандашонро таъмин кунанд».

Ба гуфтаи масъулонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба кумита 213 аризаи хаттӣ ва 467 арзи шифоҳӣ ворид шудааст, ки бештари он ба масоили моҷаро ва азҳампошии хонаводаҳо рабт мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG