Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Раҳмоналӣ Амировро аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин кард. Ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъин карда шудааст. Бо фармонҳои дигар Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шудаанд. Аммо ба кадом вазифа рафтани собиқ раисони ноҳияи Ёвон ва Файзобод гуфта нашудааст. Ҳамчунин Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз таъйин гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигари худ Маҳмадсаид Пировро муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимиро муовини вазири молия ва Искандар Раҷабовро муовини вазири корҳои дохилӣ таъйин кардааст. Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шудаанд.
XS
SM
MD
LG