Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамғаи молии «Бидуни истифодаи муҳоҷирон» дар Русия


Дар Русия ба қайд гирифтани тамғаи молии «Бидуни истифодаи муҳоҷирон» баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Як созмони қаноти ҳизби сиёсии «Родина»-и ин кишвар барои дар қайд гузоштани тамғаи молӣ бо ин ном ба кумитаи андоз муроҷиат кардааст. Дар рамзи ин тамға уқоби сафеде дар болои кӯл ва дар пасманзара харитаи Русия ҷойгир карда шудааст. Вале ин рамзро баъзе мунтақидон барои "мақсадҳои сиёсӣ" донистаанд. Ҳамчунин ин дархостро баъзе таҳлилгарон «рахна ба эҳсосоти миллии мардум» унвон кардаанд.

Дар сомонаи ин ташкилот гуфта шудааст, ки ин тамғаро шӯъбаи дар Петербург будаи ин ташкилот омода кардааст ва мақсад аз ин рамзро «истифода нашудани меҳнати муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ дар тавлидоти маҳсулот» унвон кардаанд.

Дар шарҳи ин хабар гуфта шудааст агар баъд аз иҷозат додан ин ташкилот низомномаро вайрон кунад иҷозатнома бозпас гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG