Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо мулоқот кард


Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов

12 декабр Сироҷиддин Аслов-кафили вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Патрисия Флор-намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Миёна мулоқот кард. Дар мулоқот ҷараёни иҷрои тарҳҳои муштарак баррасӣ шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки бар асоси барномаи ҳамкориҳо барои солҳои 2014-2020 Иттиҳодияи Аврупо барои бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошт ва кишоварзӣ 250 миллион евро ҷудо хоҳад кард.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки нишасти дуввуми Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёна дар моҳи маи соли 2014 роҷеъ ба масъалаҳои амниятӣ дорои аҳамият хоҳад буд.

Сироҷиддин Аслов ба Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмакҳояш дар анҷоми ислоҳот дар бахши маориф, авлавияти қонун, беҳдошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва тақвияти нируҳои марзбонии Тоҷикистон изҳори сипос кард.
XS
SM
MD
LG