Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар муқовимати мусаллаҳона дар Маскав шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҷароҳат бардоштааст


Дар як муқовимати мусаллаҳона дар шаҳри Маскав миёни кормандони полис ва як гурӯҳ ҷинояткорон як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи мақомоти пулиси шаҳри Маскав шаби 12-ум ба 13-уми декабр ба навбатдории полис сокини хиёбони Комсомолскии Маскав хабар медиҳад, ки дар ҳамсоягияш зане бо садои баланд кӯмак мехоҳад.

Ҳангоми расидани кормандони полис ба ин хона аз дохили он ба рӯи пулис тир кушода мешавад. Дар хонаи яке аз сокинони Маскав, ки як шаҳрванди Арманистон ҳам зиндагӣ мекардааст, чор нафар, аз ҷумла як шарҳвани Тоҷикистон, як шаҳрванди Арманистон, як сокини маҳаллӣ ва як нафари дигар, ки дар олами ҷиноӣ машҳур будааст будаанд, ки соҳибхона ва шахсони дар онҷо бударо зери лату куб қарор қодаанд.

Дар натиҷаи тирпаронӣ ду корманди пулис ва аз ҷониби дигар шаҳрванди 38-солаи Арманистон Леван Халатян ва Комил Саидови 39-сола шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Ба навиштаи «Комсомолская» Леван Халатян шаҳрванди Арманистон дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Ҳангоми тирпаронӣ аз ҳарду ҷониб ҳамчунин Реваз Бухникашвилии 61-сола, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Петсо» машҳур будааст иштирок доштааст. Шахси чорум дар ин тирпаронӣ аз ҷониби ҷинояткорон, соини 31-солаи Маскав будааст, ки аз ӯ ном бурда нашудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ кормандони полис ва ҷинояткорони ҷароҳатбардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
XS
SM
MD
LG