Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман дар ҳамлаи бесарнишин 15 нафар кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳои расида аз Яман, дар ҳамлаи як бесарнишини Амрико 15 нафар кушта шудаанд. Бештари онҳо ғайринизомиён будаанд. Хабаргузориҳо аз қавли кормандони тиб ва мақомоти амниятӣ навиштаанд, ки ин ҳамла дар вилояти Байда ба корвони як базми арӯсӣ сурат гирифтааст.

Хабаргузории Франс Пресс аз қавли мақомоти маҳалии амниятӣ гуфтааст, ки баъзе аз афроди кушташуда узви шабакаи террористии Ал Қоида будаанд.
Амрико бар зидди Ал Қоида дар нимҷазираи Араб ҳамлаи бесарнишинҳояшро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG