Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тотористон пулис ҷавони бегуноҳро шиканҷа додааст


Волидайни яке аз гумонбарон ба оташ задани калисои Ортодокс дар Тотористон мегӯянд, ба бовари онҳо пулис писари онҳоро шиканҷа додааст. Рақиб Зарипов-падари Рафоил Зарипов рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки вакили мудофеи фарзанди онҳо танҳо баъд аз 4 рӯзи боздошт ба вай иҷоза додааст, ки зерҳимояи худро бубинад.

Вакили мудофеъ гуфтааст, ки вай зерҳимояи худро дар ҳолате дарёфтааст, ки дар рӯи фарш мехобид ва наметавонист аз захмҳои тахтапушт ҳаракат кунад. Вай гуфт, ки чанд ҷои бадани вай аз зарб кабуд шуда буд ва аз пешобаш хун меомад.
Ҳоло Зарипов дар ҳуҷраи бемориҳои вазнини бемористони шаҳри Тубан Кама муолиҷа мегирад. Падари Рафоил мегӯяд, фарзанди вайро бо барқ шиканҷа додаанд, то вай ин иттиҳомро бар души худ бигирад.

Вазорати корҳои дохилаи Тотористон рӯзи панҷшанбе гуфт, 5 нафар эътироф кардаанд, ки моҳи гузашта дар калисои Ортодокс ин сӯхторро ташкил кардаанд.
XS
SM
MD
LG