Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози фаъоли ҳуқуқ дар назди сафорати Русия дар Бишкек


Ондуруш Токтонасуров -фаъоли ҳуқуқи башар дар назди сафоратхонаи Русия дар Бишкек бар зидди азияту шиканҷаи ду муҳоҷири қирғиз аз сӯи миллатгароён эътироз кард. Токтонасуров дар даст шиорҳо дошт, ки рӯзи онҳо навишта шуда буд: “Марг бар милларгароёни Русия”, “Сартарошидаҳоро боздоред”.

Рӯзи панҷшанбе матбуоти Қирғизистон гузориш дод, ки миллатгароёни рус дар Маскав ба гӯши ду муҳоҷири кории Қирғиз шуруп ё мехи тобдор даровардаанд. Пизишке аз як бемористони Маскав ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар 10 рӯз пеш дар вазъи вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Яке аз ин муҳоҷирон 23 ва дигарӣ 25 солаанд.

Пизишк гуфтааст, ки ҳоло саломатии онҳо муътадил аст, вале шунавоии онҳо барқарор нахоҳад шуд ва онҳо умре кар хоҳанд монд. Ин ду нафар нахостаанд бар зидди миллатгароён ба пулиси Русия шикоят баранд ва гуфтаанд, ки шикояти онҳо натиҷа нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG