Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шахси дуюм"-и Кореяи Шимолӣ ба қатл расид


Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа эълон кард, ки Ҷанг Сонг Тек, "шахси дувуми ҳукумат" ва шавҳари аммаи Ким Ҷонг Ун, раҳбари феълии ин кишвар, ба иттиҳоми хиёнат эъдом шудааст.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа дар ин кишвар аз иҷрои ҳукми қатли муовини раиси Кумитаи давлатии дифоъ ва мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи Марказии Ҳизби коргари Корея Ҷанг Сонг Тек хабар дод, ки ба хиёнат, дуздии амволи давлатӣ, занбозӣ ва майзадагӣ айбдор шудааст. Матбуоти ин кишвар Текро "хиёнаткор ва бадтар аз саг" хонд. Ҷанг Сонг Тек муддатҳо ба унвони шахси шумораи дувуми Кореяи шимолӣ ба шумор мерафт ва ҳангоми вогузории қудрат ба Ким Ҷонг Ун, ҳамроҳ ва ёвари ӯ буд.

Маҷаллаи амрикоии "Times" низ ба нақл аз хабаргузории давлатии Кореяи шимолӣ аз эъдоми Ҷанг Сонг Тек ба иттиҳоми хиёнат хабар дода ва овардааст, ки ин хабаргузорӣ (хабаргузории Кореяи шимолӣ) вайро "зидди ҳизб, унсури ҷиноии зидди инқилоб" хонда ва афзудааст, дар ҳоле, ки Ким Ҷонг Ун ба ӯ эътимод кард ва ба ӯ мақоми болое дар давлат дода, ӯ қасд дошта қудратро аз раҳбари Кореяи шимолӣ бидуздад.

Хабари эъдоми Ҷанг Сонг Тек чанд рӯз пас аз он мунташир мешавад, ки расонаҳои давлатии Кореяи шимолӣ аз барканории вай аз тамоми мақомҳояш ба хотири ба гуфтаи расонаҳои давлатии ин кишвар, "фасод, истифода аз мухаддирот, занбозӣ ва доштани зиндагии фосид", хабар дода буданд.

Хабаргузории давлатии Кореяи шимолӣ рӯзи 13-уми декабр навишт, ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи Ҷанг Сонг Тек "исбот шудаанд" ва худи ӯ низ ин иттиҳомотро "ба гардан гирифтааст". Ба дунболи марги Ким Ҷонг Ил, раҳбари пешини Кореяи шимолӣ дар соли 2011, Ҷанг Сонг Тек ба Ким Ҷонг Ун, раҳбари феълии Кореяи шимолӣ ва писари Ким Ҷонг Ил кӯмак кард то қудратро дар даст бигирад. Ҷанг Сонг Тек ҳамсари Ким Кёнг Ҳуй, хоҳари хурдии Ким Ҷонг Ил буд.
XS
SM
MD
LG