Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мошини гаронарзиши Range Rover ба Тоҷикистон нарасид


Дар шаҳри Таласи Қирғизистон мақомоти қудратии ин кишвар ду шаҳрванди Белорусияро дастгир кардаанд, ки мехостанд ду мошини гаронарзишро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Тавре дар ин бора мақомоти Қирғизистон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ин ниҳод дар охирҳои моҳи ноябр ин ду нафарро дастгир карда буд, ки ташхис нишон додаст, мошинҳои гаронарзиш аз шаҳри Маскав рабуда шудааст ва онҳо мехостаанд ин мошинҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Ду автомашинаи гаронарзиш яке тамғаи Range Rover Evoque соли бароришаш 2012 ва дигар Range Rover Sport соли бароришаш 2012 буда, ҳар яке 100 ҳазор долларӣ арзиш доштаанд. Дар рафти ташхис маълум шудааст, ки ҳуҷҷатҳои мошинҳо қалбакӣ буда ва айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
XS
SM
MD
LG