Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Бангладеш: Абдул Қодир Мулло эъдом хоҳад шуд


Додгоҳи олии Бангладеш рӯзи панҷшанбе аризаи бознигарии ҳукми яке аз раҳбарони ҳизби "Ҷамоати исломӣ" Абдул Қодир Муллоро, ки барои ҷиноёт алайҳи башарият ба эъдом маҳкум шудааст, рад кард. Абдул Қодир Мулло, яке аз панҷ раҳбари исломгароҳост, ки аз сӯи додгоҳи махсуси низомии Бангладеш маҳкум ба қатл шудаанд. Ин додгоҳ соли 2010 ба хотири тафтиши ҷинояти низомӣ замони ҷанг барои истиқлоли кишвар таъсис шудааст.

Абдул Қодир мегӯяд, ки ҳукми додгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад.

Ба иттилои мақомоти Бангладеш, замони набардҳо барои истиқлолияти кишвар аз Покистон дар соли 1971 тақрибан 3 миллион нафар кушта шуда ва беш 200 ҳазор занон мавриди таҷовуз қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG