Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Аврупо:Миёнҷигарӣ дар бӯҳрони Украина ногузир аст


Парлумони Аврупо шурӯи миёнҷигарии фаврӣ дар сатҳи олӣ барои мусоидат ба гуфтугӯи миёни ҳукумати Украина ва мухолифинро ногузир мехонад. Ба ин нукта дар қатъномаи иҷлосияи Парлумони Аврупо дар Страсбург, ки рӯзи панҷшанбе пазируфта шуд, таъкид шудааст. Муаллифон аз ҳамлаи нерӯҳои амниятии Украина ба ситоди аҳзоби мухолиф ва расонаҳои мустақил дар рӯзи 9 декабр изҳори таассуф карданд.

Аъзои Парлумони Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, ки созишнома дар бораи вуруди бидуни раводиди шаҳрвандони Украина ба кишварҳои узви ниҳодро бипазиранд.

Дар ҳамин ҳол тақрибан ду ҳазор нафар аз мухолифини ҳукумати Украина рӯзи панҷшанбе, 12 декабр, дар канори бинои Додситонии Кулл дар шаҳри Киев ҷамъ омада раҳоии эътирозгарони рӯзҳои ахир боздоштшударо талаб карданд. Кормандони милиса аз вуруди эътирозгарон ба Додситонии кулл ҷилавгирӣ намуданд.

Ҳамоиши зиддиҳукуматӣ дар майдони Истиқлоли пойтахти Украина, ки ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Аврупо он ҷо хайма задаанд, идома дорад. Дар маркази Киев боз сангарҳо пайдо шуданд.

Қарор аст, ки шоми панҷшанбе ҳайати ҳукуматии Украина таҳти раёсати нахуствазир Николай Азаров вориди Брюсел шавад ва бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди сарнавишти созишномаи ҳамгироӣ бо ин ниҳод музокирот анҷом диҳад. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ба ӯ ахиран дар бораи омодагияш барои имзои созиши калидии тиҷоративу ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.

Аз ин пеш Янукович мухолифинро барои музокирот даъват карда буд.

ИМА ҳушдор дод, ки агар мақомоти Украина барои фишор ба эътирозгарон аз нерӯ кор бигиранд, алайҳи Киев таҳримҳо ҷорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG