Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтарин ширкатҳои соли 2013 муайян шуданд


Tajikistan - Best brends of 2013 award ceremony in Dushanbe

Tajikistan - Best brends of 2013 award ceremony in Dushanbe

Номи ширкатҳои «Мегафон Тоҷикистон», «Сомонэйр», комбинати шири «Саодат», «Ориёнбонк», «Умед 88» ва «Оби Зулол» "Бренд"-и беҳтарин соли 2013 унвон шуданд.

Баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 12 декабр дар меҳмонсарои «Hyatt regency Dushanbe» маросими тақдими ҷоизаҳо ба барандагони озмуни солонаи Бренди соли 2013 -- «Қуллаи шӯҳрат» баргузор шуд.

Ин озмун барои мушаххас кардани бренд ва ё рамзи беҳтарин ширкатҳои тавлидкунандаи хусусиву давлатии Тоҷикистон эълон шуда буд. Муассисони озмун Вазорати рушдииқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои масъул, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ буданд. Дар озмуни мазкур ҳудуди 50 ширкат иштирок дошт. Ҳадафи аслии баргузории озмуни «Қуллаи шӯҳрат» ҳавасманд кардани ширкатҳо барои муаррифиии бренди худ ва тавлиди молу маҳсулоти босифат ва серхаридор унвон карда шуд.

Дар ҷамъбасти озмун теъдоде аз ширкатҳо ба дипло, медели биринҷӣ, нуқра ва тиллои Бренди сол тақдир шуданд.

Аз ҷумла ширкатҳои «Мегафон Тоҷикистон», «Сомонэйр», комбинати шири «Саодат», «Ориёнбонк», «Умед 88» ва «Оби Зулол» ба ҷоизаҳои беҳтарин медали тиллои ин озмун мушарраф гардида, Бренди беҳтарин соли 2013 унвон шуданд.

XS
SM
MD
LG