Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳҳои энержӣ то куҷо барои сармоягузорон ҷаззобанд?


Қарзи афзояндаи «Барқи тоҷик» пеши ширкатҳои русиву эронӣ суолеро ба миён овардааст, ки то куҷо тарҳҳои энержии об дар Тоҷикистон ҷозибаи худро барои сармоягузорон ҳифз мекунанд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки як қатор авомил, ба шумули қазияи 83 миллион доллар қарзи «Барқи тоҷик» пеши ширкати «Сангтӯда -1», сармоягузории тарҳҳои дигарро ба таъхир афкандаанд.

Дар шарҳи ин гуфтаҳо Намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳанӯз се сол пеш ду ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ розӣ шуда буданд, ки барои сохтмони нерӯгоҳе рӯи рӯдхонаи Фон -Дарё ба «Сангтӯда -1» 110 миллион доллар қарз диҳанд, аммо вақте диданд, ки қарзҳои «Барқи тоҷик» аз ин ширкат моҳ ба моҳ меафзояд, аз додани қарз худдорӣ карданд. Ин манбаъ гуфт, мутолеоти фанниву иқтисодии нерӯгоҳи "Фон дарё» се сол пеш омода шуда, бояд сохтмони он шурӯъ мешуд. Бино ба ин манбаъ, мушкил сирф молиявӣ буда, Русия аз сохтмони нерӯгоҳҳои дигар даст нахоҳад бардошт.




Дар сӯҳбат бо «Озодӣ» дар сафорати Эрон дар Душанбе ҳам гуфтанд, ки ҳарфи қарзи ҳудуди 30 миллион доллараи «Барқи тоҷик» аз «Сангтӯда-2» ҷудо аз ҳарфи сармоягузории тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва мутмаинанд, ки мушкили қарз ҳалли худро пайдо мекунад ва тарҳҳои дигар ҳам пайгирӣ мешаванд.

Энержии обро мақомоти Тоҷикистон дар нишасту мулоқотҳояшон бо сармоягузорони хориҷӣ соҳаи ҷаззобтарини иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд. Аммо дар мисоли нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда -2 коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки як сармоягузор наметавонад маблағи худро баргардонад, ҳавасмандии худро дар сармоягузории соҳа ҳам намебинад.

Умеди Давлатзод, муовини вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон мавҷудияти ин мушкилро рад намекунад. Вай мегӯяд, ба хотири рафъи мушкил қабл аз ҳама таҷдиди сохтории «Барқи тоҷик» зарур аст: «Мо бисёр мехоҳем, ки таҷдиди сохторӣ ва хусусигардонии «Барқи тоҷик» тезтар ба анҷом расад. То ин марҳалаҳоро нагузарем, то дар масъалаи фурӯши барқ шароити рақобати озод фароҳам накунем, хеле душвор аст. Ин ду тарҳе, ки амалӣ шуданд, аслан бо иродаи сиёсии раҳбарони давлатҳо анҷом шудаанд. Ин лоиҳаҳои сирф сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ нестанд.»

Коршиносон ҳам бар инанд, ки дар ҳоли ҳозир тарҳҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон бештар ба далоили геополитикӣ харидор пайдо мекунанд ва сармоягузорон, пеш аз ҳама Русияву Эрон ва Чин хуб медонанд, ки аз ин тарҳҳо ҳоло наметавон суди молиявӣ бардошт, вале барои ишғоли бозор ва қавӣ кардани «ҷойи пой», онҳо муҳиманд. Аз ин хотир, ҳоло як гуна марҳалаи аз худ кардани ин тарҳҳо аст.

Русияву Эрон яктоӣ нерӯгоҳ бунёд карданд. Аммо аввалӣ боз чор нерӯгоҳ, ба шумули Урфатӣ (Обихингоб), Оббурдон, (Зарафшон) ва Явроз (Кофарниҳон) ва дуввумӣ нерӯгоҳи Шӯроб ва Айнӣ-1- ро, ки иқтидори ҳамагӣ аз 100 мегават боло аст, ба истилоҳ, «банд» кардаанд. Чин хатҳои интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон» ва «Ҷануб-Шимол»-ро ба анҷом расонда, нерӯгоҳҳои Ёвон (Зарафшон), Сангвор (Обихингоб) ва Нурободро аз худ кардааст.

Як ширкати ҳиндӣ ба номи Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) соли 2012 барои сохтмони як нерӯгоҳи 100-мегавата рӯи рӯдхонаи Зарафшон изҳори омодагӣ карда буд, аммо то ба ҳол ба сохтмон иқдом накардааст.

Дар посух ба «Озодӣ» дар сафоратҳои Олмон, Покистон, Ҳиндустон аз ироаи тафсилоти ҳамкориҳояшон бо Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳҳо бо ишора ба ҳамкориҳои ҷорӣ, ки хуб аст, худдорӣ карданд. Дар сафорати ИМА гуфтанд, ки Котиботи CASA-1000-ро дастгирӣ мекунанд. Зимнан, соли 2008 ширкати энержии AES-и Амрико бо сабабҳои номаълум фаъолияташро дар Тоҷикистону Қирғизистон қатъ карда буд.

Азиз Раҳимов, мутахассиси соҳаи энержӣ, ки таҷрибаи кор дар кишварҳои хориҷиро дорад, мегӯяд, дар бозори энержии оби Тоҷикистон танҳо Русияву Эрон бархе монеаҳои сиёсиро нодида мегиранд ва ҳатто Чин ба далоили сиёсӣ сохтмони нерӯгоҳи Ёвонро ба таъхир гузошт:

«Кишварҳои арабӣ пеш аз ҳама барои бозори маҳсулот гарантия талаб мекунанд, яъне харидори ман кӣ мешавад. Онҳо ба CASA – 1000 ҳавасмандӣ доранд ва таҳаввулоти атрофи онро хеле бо таваҷҷӯҳ пайгирӣ мекунанд. Дар умум кишварҳои хориҷӣ ба муносибатҳои Тоҷикистон бо ҳамсояаш Узбакистон аҳамияти зиёд медиҳанд. Намехоҳанд дар муносибат бо он кишвар мушкил пайдо кунанд. То ин кишвар мухолифат дорад, онҳо иқдом нахоҳанд кард. Шарти саввум, масъалаи тақсим хеле муҳим аст, ки аз рӯи системаи биоти аст, ё мушоракат. Тақсим фоиданок бошад, сармоягузорӣ ҳам мешавад».

Кишварҳои хориҷӣ дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки ба соҳаи энержии об таваҷҷӯҳ доранд, аммо умдатан ба тарҳҳо ё нерӯгоҳҳои хурд сармоя мегузоранд ё маблағе тахсис медиҳанд ва аз маблағгузории нерӯгоҳҳои миёна худдорӣ мекунанд.

Аммо Азиз Раҳимов мегӯяд, дар ҳоли во шудани гиреҳи мушкили «Роғун», иҷрои дигар тарҳҳои миёнаву бузург имконпазир мешавад, дар акси ҳол, сохтмони нерӯгоҳҳо ҳатто пас аз фаъолшавии хатҳои барқ ба сӯи бозорҳои хориҷи Тоҷикистон ҳам мувоҷеҳи мушкил хоҳанд буд.

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир тарҳи ҳудуди 40 нерӯгоҳи бузургу миёна, 15 тарҳи хатти интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқиро рӯи даст дорад. Бо назардошти захираҳои обӣ Тоҷикистон зарфияти истеҳсоли 500 миллиард киловат соат барқро дорад, аммо дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 миллиарди он мавриди истифода аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG